Рубрики Хабарҳо

Хидматгори карам

Дар ҳоле, ки лимити барқ аллакай ҷорӣ шудааст, дар саросари кишвар маъракаи “фаҳмондадиҳӣ оид ба сарфаи барқ” ҷараён дорад. Садҳо нафар, ки худашон ҳам аз бебарқӣ азият мекашанд, ба мардум сарфаи барқро меомӯзонанд. Дар ҳоле, ки барқ ба хориҷ мераваду фоидаи сарфаи мардум ба кисаи чанд нафар. 

Латифаи машҳури “Хидматгори карам”-ро ҳатман медонед. Барои онҳое, ки намедонанд, хотиррасон мекунем: Подшоҳе ба шикор меравад ва чун шикораш барор намегираду захираҳои хӯроквориаш тамом мешавад, гурусна мемонад. Замони баргашт боғеро мебинад, ки карам кишта шудаву карамҳояш ҳам расида. Ба хидматгораш амр мекунад яке аз он карамҳоро барояш биёварад. Чун сахт гурусна буд, карамро бо иштиҳо мехӯраду мегӯяд “мо аз хӯрдани он парҳез мекардем, аммо хеле бомазза будааст”. Шоири дарбории шоҳ ҳам билофосила шеъре дар васфи карам эҷод мекунад, ба ин маънӣ, ки чӣ лазиз асту гуворо.

Ҳафтае пас шоҳ аз он роҳ рад мешавад ва ба ҳамон боғ чашмаш меафтад. Ҳаваси карамаш меояду амр мекунад як карами дигар барояш биёваранд. Аммо ин дафъа чун сер буд, карам писандаш намеояду бо дашноме онро ба замин мезанад. Шоир ҳам дарҳол дар накӯҳиши карам шеъри дигар эҷоду қироат мекунад. Шоҳ хандида мегӯяд, “ҳафтаи гузашта карамро васф мекардӣ, ҳоло чаро накӯҳиш мекунӣ?” Шоир посух медиҳад “ман хидматгори ҷаноби олӣ ҳастам, на хидматгори карам”.

Ҳоло садҳо чунин хидматгор хона ба хонаи мардум мегарданду карам, аниқтараш сарфаи барқро васф мекунанд. Дар телевизиону расонаҳои давлатӣ низ. Дар ҳоле, ки на мардум ва на худашон барқе надоранд, ки сарфа кунанд. Тибқи хабарҳое, ки хонандагони Паём мерасонанд, ба гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ (раисони маҳаллаҳо), нозири минтақавӣ, намояндаи “Барқи тоҷик” ва.. муаллимон шомиланд. Боз муаллими бечора.

Муаллиме, ки бояд акнун ангишт ё ҳезум харад, то хонааш аз сардӣ як накунаду кӯдаконаш зинда монанд, чун гармкунакҳои электрикиаш дигар кор намедиҳанд. Муаллиме, ки моҳонааш на танҳо барои хариди ангишт, ҳатто пардохти пули барқ намерасад, ҳоло бояд аз ҷое пул пайдо кунаду чанд халта ангишт харад. Аммо барои пул пайдо кардан вақт надорад, зеро вақти холигиаш аз дарсҳоро бояд ба “корҳои фаҳмондадиҳӣ” сарф кунаду хона ба хонаи мардум гардад. 

Дар чанд соли охир бештари кормандони мақомоти иҷроияву вазоратҳои қудратӣ аз ҷумла раисони маҳаллаву нозирони минтақавӣ аз афроде интихоб мешаванд, ки дар мактаб китобу дафтарро аз ҳам фарқ намекарданд. Омилу сабабҳои ин мавзӯъи алоҳида аст, ки дар ин баҳс намеғунҷад. Ҳарчанд ба мактабҳо ҳам ин гуна афрод роҳ ёфтаанд, аммо асосан ба ҳайси раҳбарони он, яъне ҷойҳое, ки даромади муфт гирифтан имкон дорад. Ҳарчанд тибқи баъзи ҳисобҳо 30 дарсади муаллимони мактабро низ ҳоло онҳое ташкил медиҳанд, ки аслан диплом ё ҳади ақал дипломи муаллимӣ надоранд, ҳанӯз ҳам муаллим қишри босаводи ҷомеъа боқӣ мемонад. 

Ҳоло ҳамин қишри босавод дар тамоми афераҳои ҳукумат ба ҳайси силоҳ истифода мешавад. Дар тақаллубҳои интихоботӣ, дар “мубориза” алайҳи мухолифин бо маҷбур ба навиштану наворгирӣ кардани онҳо ва ғайра. Қишре, ки бояд дарк кунад бо истифода шудан дар бозиҳои ифлос ҳайсияти худашу илму маорифро поён мебарад ва эътироз кунад. Қишре, ки бояд ҳам худаш фарҳанги эътирозро бештар аз ҳама балад бошад ва шогирдони ғаюру мӯътариз тарбия кунад. Қишре, ки бояд бидонад оқибат дуздии овозҳои мардум ба куҷо мерасонад ва чӣ паёмадҳо дорад. Қишре, ки таҳқиқи кунаду бифаҳмад барқ чӣ гуна барқест, ки замони интихоботу дигар маъракаҳои сиёсӣ саросари кишварро басандагӣ мекунад, аммо ҳамин ки хари ҳукумат аз лой гузашт, ғайб мезанад. Қишре, ки ба ҳамон расонаҳои давлатӣ, ки маҷбуран обунааш мекунанд, диққат кунаду фарқи аз замин то осмонии оморҳоро пай барад. 

Баъид нест, ки аксари муаллимон на танҳо расонаҳои давлатӣ, балки шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои озодро ҳам мехонанд. Ва ин хабари дархости Афғонистон аз Тоҷикистонро ҳам хондаанд:

Тибқи гузориши хабаргузории “Авесто” ширкати барқи Афғонистон «Брешно» гуфтааст Афғонистон бо Тоҷикистон ҷиҳати аз 80 мегаватт то ба 120 мегаватт, яъне 50% боло бурдани ҳаҷми содироти нирӯи барқ музокирот пеш мебарад. Сабаби ин дархости Афғонистон ин буда, ки дар пайи рӯзи 6 январ дучори садама шудани шабакаҳои барқи Ӯзбекистон ба камбуди нирӯи барқ рӯбарӯ шуд.

Ва аз хондани ин хабар мефаҳманд, ки вақте Афғонистон аз Тоҷикистон дархост мекунад, ки интиқоли барқ аз 80 мегаватт ба 120 мегаватт расонида шавад, пас то имрӯз Тоҷикистон ба Афғонистон 80 мегаватт барқ мефурӯхтааст. Дар ҳоле, ки худи кишвар вориди буҳрони шадиди энергетикӣ шуда, “Барқи Тоҷик” аз 5 январ дар саросари ҷумҳурӣ лимити барқ ҷорӣ кардааст. Интиқоли барқ ба аҳолӣ, ба ҷуз аҳолии пойтахт аз соати 23-и шаб то шаши субҳ қатъ мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ду ҳафта боз дар Тоҷикистон сармои қаҳратуне ҳукмфармост ва сокинон барои гарм кардани хонаҳояшон ба нирӯи барқ ниёзи бештар пайдо кардаанд. 

Масъулини “Барқи Тоҷик” мегӯянд, ҳатто гоҳе қасам мехӯранд, ки ба сабаби камбуди барқ дар дохили кишвар, интиқоли он ба кишварҳои дигарро қатъ кардааст. Масалан дар як муроҷиатномаи ин ширкат гуфта мешуд “аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” низ ҷиҳати қонеъ гардонидани   талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ ба барқ  як қатор чораҳои таъҷилӣ андешида шуданд. Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда  интиқоли неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя қатъ карда шуд”. Вале изҳороти ширкати «Брешно» дар бораи идомаи музокирот барои афзоиши  ҳаҷми содироти нирӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон баёнгари он аст, ки содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то ҳол идома доштааст.

Ҳамчунин муаллим дар идомаи ин хабар мехонд, ки тибқи маълумоти масъулини бахши энергетикии Тоҷикистон ҳоло  тавлиди нирӯи барқ дар кишвар дар як шабонарӯз 68,5 миллион киловатт/соатро ташкил медиҳад, ки ин назар ба ҳамин давраи як соли пеш 2,5 миллион киловатт /соат бештар аст. Ва хулоса мебаровард барқеро, ки ҳақи ҳалоли ӯву фарзандонаш аст ва пеш аз ҳама бояд хонаи ӯву мактабро равшану гарм кунад, аз тарафи чанд ғоратгар дуздида шуда, ба хориҷ фурӯхта мешавад. Ва ҳамин ғоратгарон, ки бо дуздидани барқаш ӯро водор ба харидани ангишти дар чанд рӯз 20% гароншуда кардаанд, боз маҷбураш месозанд, ки хона ба хонаи мардум гардаду ба онҳо фаҳмонад, ки барқро чӣ гуна сарфа кунанд.  

Ҳамчунин муаллим аз пайгирии хабару мақолаҳо ҳатто танҳо дар расонаҳои давлатӣ пай мебарад, ки тамоми конҳои ангишт аз тарафи онҳое хусусӣ карда шудаанд, ки барқи кишварро ҳам хусусӣ кардаанд. Ё ҳади ақал ҳамаи ин моликони нави барқу ангишт аз як оилаанд. Пас агар барқ ба хориҷа рафт ин Оила ду фоида мебинад:

1. Пули барқи ба хориҷа фиристодаашро метавонад рост ба ҳисобҳои офшориаш фиристад;

2. Қимати ангиштро 20-30 дарсад боло бурда мардумро бори дигар ғорат кунад.

Магар фурсати он нарасида, ки ин муаллим ба сандалии хунукаш нишинаду фикр кунад, ки ӯ на хидматкори карам аст ва на хидматкори шоҳ. Ӯ соҳиби ин кишвар, тарбиякунандаи насли ояндаи он аст ва ончи дар ин кишвар вуҷуд дорад пеш аз ҳама моли ӯ ва фарзандону шогирдонаш мебошад?

Агар фурсат нарасида буд, магар яке аз сарсахттарин ҳомиёни ин дуздҳо, журналисти дарборӣ Сайёфи Мизроб чунин мекард?:

БАС кунед аз барои Худо!!! Шарманда шудем!

Ин мурочиат ба журналистони ТВ аст. О, шумо, мардумро ба сарфаи барк таблиг кардани шуда, хамаруза таппаку хезумаловро тарзе муаррифи доред, ки дар асри НАНО ва Технологияхои навин, ки хатто афгону хиндуву африкоихо барки хуршеди доранд, Точикистонро куракистону торикистону кавристон кардаед-еее. Хеч гуши суханшунав дар ин мамлакат хаст???ки гуши ин бетутурукхоро тоб дихад, охир? Таппакро алтернативаи барк накунед, мардум!!!Ана хамин аст натичаи рондани сартосарии профессионалхо-«журналистони пир» аз ТВТ…

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *