Сар аз соли 2020 арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Маскави Русия ва атрофи он боз ҳам гарон мешавад. Қарори мазкур дар ҷаласаи раёсати ҳукумати шаҳри Маскав гирифта шудааст ва шаҳрдори Маскав тасмими қиммат намудани патентро ба коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон арзёбӣ намудааст.
Гуфта мешавад, ҳамакнун нархи патент аз 5000 рубли русии феълӣ то 5350 рубл гаронтар мешавад. Гуфтанист арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав ҳар сол боло меравад.
Агар соли 2018 арзиши Патент 4500 рубл буд, бо гузашти ҳамагӣ ду сол қимати онро то 5350 рубл боло бурданд.
Арзиши миёнаи патент дар тамоми минтақаҳои Русия ба 3.9 ҳазор рубл баробар аст.
Қаблан, раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз мақомот дархост карда буд, ки гирифтани патентро барои муҳоҷирони меҳнатӣ дастрас кунанд ва дигар ба қимати он зам накунанд. Ҳамчунин ҳафтае пеш вазорати молия ба думаи давлатӣ лоиҳаеро пешниҳод карда буд, ки тибқи он бояд низоми патент аз миён бардошта шуда, муҳоҷирони корӣ бо супоридани андоз расман бо иҷозатномаи корӣ дар корхонаҳои давлатии Русия метавонанд кор кунанд.
Зимнан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин далели боло рафтани арзиши патентро ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар Русия аз ҷониби муҳоҷирон арзёбӣ намуд.