Ҷоизаи пулии муборизони тоҷик Нурулло Алиев ва Лоиқ Раҷабов барои пирӯзӣ дар нахустин набардашон дар UFC маълум шудааст.
Хабаргузории бо такя ба манобеаш менависад, Нурулло Алиев ва Лоиқ Раҷабов барои пирӯзӣ дар UFC ҳар кадом 28 ҳазор долларӣ дарёфт кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳарбгари маъруфи тоҷик Нурулло Алиев дар нахустин қувваозмоии худ дар UFC бар Рафаэл Алвеси бразилӣ бо тасмими якдилолнаи доварон пирӯз шуд.
Дар навбати худ Лоиқ Раҷабов низ дар нахустин қувваозмоӣ дар UFC бар варзишгари 26-солаи аргентинӣ Эстебан Рибович, ки дар тамоми фаъолияти касбии худ ҳеҷ бохт надошт, пируз шуд
Аммо, Нурулло Алиев рӯзи 26-уми феврали соли ҷорӣ пас аз набарди нахустинаш дар UFC дар Лас Вегаси Амрико ғорат шуд. Тавре маълум гардид, ғоратгарон аз дохили мошини иҷорааш, ки дар таваққуфгоҳи меҳмонхона гузошта шуда буд, 6 борхалта, аз ҷумла пул, ҳуҷҷат ва дастгоҳҳои электрониро дуздидаанд.