Чаҳор узви собиқи ҲНИТ дар Истаравшан бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин ҳизб ва тарғиби идеяҳои он маҳкум ба 6 соли зиндон ҳар кадоме шуданд. Инҳо собиқ раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Истаравшан Қурбонбой Обидов, собиқ узви раёсати вилоятӣ Умедҷон Оқилов, собиқ котиби ҳизб дар ҳамин ноҳия Шӯҳрат Мавлонов ва Насим Баротов ҳастанд.
Ҳарчанд дарҳол баъди мамнӯъ эълон шуданаш дар Тоҷикистон, ҲНИТ эълон карда буд тамоми фаъолиятҳояш дар кишварро қатъ мекунад, мақомот ба зиндон кардани фаъолони собиқи он бо иттиҳоми фаъолият оғоз кардаанд.
Шӯҳрат Мавлонов
Қаблан аксари собиқ аъзои ҲНИТ, ки боздошт мешуданд, гуноҳашон “салафӣ” буд. Ва на танҳо аъзои ҲНИТ. Бо ин иттиҳом аксари ҷавонони диндори боздоштшуда муттаҳам шудаанд. Тибқи маълумоти расонаишуда, ҳатто онҳоеро ҳам ки аслан намоз намехонданд, бо иттиҳоми “салафӣ” зиндон кардаанд. Барои мисол яке аз чунин “салафиҳо” дирӯз дар ин бора ба сомонаи додааст. Ӯ мегӯяд қабл аз боздошташ ҳатто намоз намехонд ва намедонист “салафӣ” чист. Ва мегӯяд аксари бо ин иттиҳом боздотшудагон ҳамин ҳолро доранд.
Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва собиқ раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар Суғд дар посух ба суоли Паём гуфт:
“Ин як тӯҳмати навбатиест, ки мақомот ба ҷавонони диндори миллат мебанданд. Воқеъан се нафари онҳо — Шӯҳрат Мавлонов, Умед Оқилов ва Қурбонбой Абидов узви ҲНИТ буданд ва масъулият дар бахши Истаравашан низ доштанд . Ёд дорам, ки мақомоти низомӣ чандин маротиба ин нафаронро зери фишор қарор дода буд, то аз ҳизб хориҷ шаванд ва бахши ҳизбро дар Истарвашан бубанданд. Вале онҳо бастани ҳизбро дар ин ноҳия рад мекарданд, чун бастани бахшҳои ҳизб масъулияти Раесати Олии ҳизб буд. Вале аз ҳизб хориҷ шудан, ки вазифаи ҳар шахс ҳаст, онҳо тақрибан моҳи майи соли 2015 бо аризаи худ аз ҳизб хориҷ шуда буданд. Ба назари банда ин як қасосгирии навбатии мақомоти интизомӣ аст, танҳо ба хотири он, ки онҳо барои бастани бахши ҳизб розӣ нашуда буданд. Ҳарчанд ин 4 нафар аз ҳизб хориҷ шуда буданд вале барои мақомот як фурсати муносиб расид, то қасос гиранд.
Умедҷон Оқилов
Бубинед, ҳато дар айбномаашон ҳам омадааст, ки онҳо бо баҳонаи палав ҷамъ меомаданд ва қарори Додгоҳи Олӣ дар бораи манъи ҲНИТ-ро маҳкум мекарданд. Албатта ин дурӯғе беш нест,зеро онҳо комилан, ҳатто пеш аз баста шавии ҳизб фаъолияти сиёсияшонро катъ карда комилан аз ҳизб дур буданд, вале ба ҳар ҳол, ин қарори Додгоҳи Олиро ними дунё маҳкум мекунад, пас ҳамаи онҳо ҷинояткоранд? Агар ин чаҳор узвият ва фаъолияташонро дар ҳизб ҳифз мекарданд, бояд бо ҲНИТ робита медоштанд. Вале ҳеҷ робитае надоштанд ва додгоҳ ҳам инро собит накардааст ва ҳарфе ҳам дар ин бора нест. Пас фаъолияти ҳизбии онҳо дар чӣ зоҳир шудааст?
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯ ва масъули равобити хориҷии ҲНИТ гуфт: “Ҳушдори равоншод Равшани Ёрмуҳаммад дуруст баромад. Ӯ хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, воқеаҳои нангин солҳои 37-ро такрор накунад. Як инсон дар солҳои саркубгарии сиюм бо туҳмати андаке аз тарафи ҳамсоя ё рақибаш саркуб мешуд ва дар ҳодисаи боздоштҳои ахир дар Суғд алайҳи собиқ аъзои ҲНИТ низ чунин услуб истифода шудааст.
Пас аз мамнуъ эълон шуданаш аз тарафи Додгоҳи олӣ бо туҳматҳои беасос, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълон кард, ки ҳизб дар дохили кишвар ҳечгуна фаъолияте нахоҳад дошт. Пас чаро собиқ аъзои ҳизб боздошту зиндонӣ мешаванд ва он ҳам бо иттиҳомоти беасос?
Насим Баротов
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанде пас аз эълони мамнуъияти ҳизб бо интишори баёнияе таъкид карда буд, ки собиқ аъзои ҲНИТ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва мавриди таъқибу фишор қарор нахоҳанд гирифт. Вале чандин маворид, аз ҷумла боздоштҳои ахир, собит кард, ки мақомот дар ин аҳдашон мисли ҳамеша пойбанд набуданд ва нестанд.
Қасди ВКХ ва дигар мақомдорон аз чунин даъват ин буд, ки дигарандешон, аз ҷумла аъзои ҲНИТ кишварро тарк ва ба дигар кишварҳо, бахусус Урупо паноҳ набаранд. Вале ҳукумати Раҳмон бо ин иқдомҳои носанҷидааш чуноне ки худ дар радикал кардани ҷавонони тоҷик саҳим ҳастанд, адади бештари аъзои собиқ ҲНИТ, озодандешону дигарандешон, зиёиёну рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи маданиро водор мекунанд, ки кишварро тарк кунанд.”
Ин аввалин ҳукми додгоҳ барои “узвият ва фаъолият дар ҲНИТ” аст. Тибқи маълумоте, ки Паём дорад, садҳо собиқ узви фаъоли ҲНИТ-ро бо иттиҳоми салафигӣ равонаи зиндон кардаанд. Ба назар мерасад “салафӣ”, ки аксари зиндониёни се соли ахири кишвар бо ҳамин иттиҳом паси панҷара рафтаанд, дигар аз “мода” мондаву мақомот дар ҷустуҷӯи “мода”-и наванд.