Рубрики Хабарҳо

Гумонбаршудагони боздоштшудаи тоҷик дар Маскав ба гуноҳашон иқрор шуданд (Навор)

Аммо на 8, балки ҳамагӣ 2 нафар

Вазорати корҳои дохилаи Русия навори бозпурсии 8 гумонбар дар марги варзишгари рус Сергей Чуевро нашр карданд, ки дар навор онҳо ба гуноҳашон иқрор мешаванд. Аммо суолдиҳанда ҳам мекӯшад онҳоро ба тасдиқи айбҳои дигар низ водор созад.

Дар ин навор ҳамаи 8 гумонбаршуда баёнот медиҳанд. Аз гуфтаи онҳо бармеояд, ки аксарашон он рӯз маст будаанд. Аммо фарзияҳои расонаҳои русӣ оиди гаппартоии онҳо ба зани ҳомиладор ё кӯдакдор ва ҳеҷ зани дигаре тасдиқи худро наёфтанд.

Тибқи гуфтаи гумонбаршудагон, занозанӣ байни Сергей Чуев ва Мирзошавкат Туфалангов рух дода, Фаридун Сафаров баъди ба ҷуӯбор афтиданаш, Чуевро ба лағад ба сараш задааст.

Муфаттише, ки ин ҳашт нафарро бозпурсӣ мекунад, мекӯшад онҳоро водор созад то ба гаппартоӣ ба зани ҳамроҳи Чуевбуда иқрор кунанд, аммо онҳо мегӯянд касе ба зан гап напартофтааст. Яке мегӯяд, ман оқибтар будам ва шояд ба зан гап партофтаанд, ки занозанӣ шудааст.

Аммо оне, ҳамроҳи Мирзошавкат будааст, мегӯяд занозанӣ баъди ба китфи ҳамдигар бархӯрд кардани Мирзошавкат ва Сергей Чуев сар шудааст.

Ҳамчунин, тибқи гуфтаи онҳо занозанӣ зиёд тӯл накашида, Сергей ва Мирзошавкат ба ҷӯйбор афтидаанд. Баъди ин Фаридун Чуевро бо лағад задааст.

Қаблан расонаҳои русӣ иддао мекарданд, ки занозанӣ баъди ба зани ҳамиладор (тибқи як фарзия) ё зани кӯдакдор (фарзияи дигар) гап партофтани тоҷикон шурӯъ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд намояндагони сафорати кишвар дар Маскав аз ҷавонони боздоштшуда дидан кардаанд ва ҳамаи онҳо ба гуноҳи худ иқроранд. Гуфта мешавад ба зудӣ сафорати Тоҷикистон иттилоъияи расмӣ нашр хоҳад кард.

Тибқи иттилоъи Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳамаи боздоштшудаҳо сокинони ноҳияи Масчоҳ мебошанд

Бо қарори додгоҳ, онҳо то моҳи авгуфт ба ҳабс гирифта шудаанд.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *