Минбаъд дар Тоҷикистон нишасту вохуриҳо ва таҷлилҳое, ки бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли хонаводааш мегузарад, хадамоти махсус назорат хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон хадамоти протоколии президент ташкил гардид, ки он таъминоти маросимҳо бо ширкати раисҷумҳур ва аҳли хонаводаашро дар дохили кишвар ва хориҷ назорат хоҳад кард.
Хадамоти протоколии президент дар маросимҳое, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, ё ниҳодҳои мушовараи вобаста ба президент бо фармоиши ӯ баргузор мекунанд, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора ТоҷикТа хабар дода мегӯяд, Хадамот бахши сохтории дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буда танҳо ба Эмомалӣ Раҳмон ва духтараш Озода раҳмон гузоришдиҳанда хоҳад буд. Дахолати соири ниҳодҳои ҳукумати давлатӣ, ё ашхоси соҳибмақом ба фаъолияти ин хадамот мамнӯъ мебошад.
Сохтори хадамот аз раис, муовинони ӯ, бахши ташрифотии президент, бахши қабули намояндагону меҳмонон, маросимҳо ва бахши интиқолӣ иборат аст.