Рубрики Хабарҳо

Русия бурсҳои таълимӣ ба «кишварҳои дӯст»-ро бештар мекунад

Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков, 2 март аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе боздид намуда, дар баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Зимни мулоқот лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ, инчунин якчанд масъалаҳои марбут ба густариши номгӯи барномаҳои таълимӣ, ки дар филиалҳои Душанбегии донишгоҳҳои Русия амалӣ карда мешаванд, ҳамоҳангсозии маъракаҳои қабул ва дигар мавзуъҳои марбут ба донишгоҳҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Валерий Фалков иброз дошт, ки ҷониби Русия як барномаи бузурги давлатиро ҷиҳати пешниҳоди бурсҳои таълимӣ ва роҳандозии тарҳҳои муштарак барои давлатҳое, ки онҳоро таърихи муштараки шӯравӣ ва узвият дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ муттаҳид мекунад, таҳия менамояд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *