Дар нишасти вазирони хориҷаи Гурӯҳи бист дар Ҳинд, байни намояндагони кишварҳои ғарбӣ ва Русия дар мавриди ҷанги Укроин даргирии лафзии шадид рӯй додааст.
Давлати Ҳинд гуфтааст, ки ихтилофоти мавҷуд дар ин иҷлос монеъ аз он мешавад, ки ширкаткунандагон дар мавриди баёнияи муштарак ба тавофуқ бирасанд ва дар натиҷа, баёнияи муштарак содир нахоҳад шуд.
Антони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, дар суханони худ дар ин нишаст гуфт, ки “таҳоҷуми бемаврид ва ғайриқонуни”-и Русия ба Укроин бар ин нишаст соя андохтааст.
Ӯ гуфт, ки Русия бо сангандозӣ дар баробари содироти ғалла аз Укроин ва садама задан ба тавони тавлиди он кишвар, ба иқтисоди ҷаҳон латма задааст.
Як мақоми аршади вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст Блинкен дар ҳошияи нишаст ҳудуди 10 дақиқа бо ҳамтои руси худ, Сергей Лавров дидор кард ва ба ӯ гуфтаи Ғарб “то ҳар замоне, ки ҷанг тӯл бикашад” дар канори Укроин хоҳад буд.
Блинкен ҳамчунин Русияро таҳти фишор қарор дод то дубора ба паймони контроли таслиҳоти ҳастаӣ бипайвандад, ки ахиран аз он хориҷ шудааст.
Мақомоти русӣ анҷоми ҳаргуна музокираро такзиб карданд. Пеш аз ин, Русия ҳамчунин ғарбро ба “дафн кардан”-и тавофуқ иҷозаи содироти ғаллаҳои Укроин муттаҳам кард аммо Иёлоти муттаҳида гуфт Русия амдан дар ин замина коршиканӣ кардааст.
Лавров гуфт: “мо дар мавриди одоби музокира сӯҳбат мекунем. Аммо ҳамтоёни ғарбии мо бо ин равишҳо қаҳр карда ва ба дипломосӣ фикр намекунанд, онҳо фақат боҷхоҳӣ ва дигаронро таҳдид мекунанд.”
Лавров кишварҳои ғарбиро ба хотири кумак ба Укроин дар баробари Русия масъули идомаи ҷанг ва мушкилоти ҷаҳон муаррифӣ кард
Мақомоти русӣ ҳамчунин гуфтанд, ки ин кишвар ва Чин тавофуқ кардаанд бо “боҷхоҳӣ ва таҳдиди Ғарб” муқобила кунанд аммо мақомоти чинӣ ин изҳоротро таъйид накардаанд.
Ҳинд хостори тамаркузи ин нишаст бар рӯйи мавзӯъоте монанди камбуди маводи ғизоӣ ва буҳрони энержӣ буд, ки бар кишварҳои дар ҳоли тавсеа таъсири манфии бештаре дорад.
Вазири хориҷаи Ҳинд гуфт: “мо талоши бисёре кардем то назароти ширкаткунандагонро ба ҳам наздик кунем, аммо шикоф байни онҳо бисёр зиёд буд.”
Норендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд дар суханронии ифтитоҳияи ин нишаст, бар талоши муштараки ин Гурӯҳ барои ҳали буҳрони иқтисодии ҷаҳон ва коҳиши фишор бар кишварҳои камдаромад таъкид кард.
Ин суханронӣ аз ҷумлаи камтарин суханрониҳои Модӣ буд, ки ба забони англисӣ эрод шуд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, далели суханронӣ ба англисӣ ин буд, ки ӯ дар назар дошт назароти давлати Ҳиндро ба таври дақиқ ба иттилоъи ширкаткунандагон бирасонад.
Гурӯҳи 20 шомили 19 кишвари бузурги иқтисодии ҷаҳон ба изофаи Иттиҳодияи Аврупо аст, ки 85 дарсад аз тавлиди нохолис ва ду севуми ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
Илова бар кишварҳои сарватманди ғарбӣ ва Ҷопон, Русияву Чин, Аргентина, Бразилия, Ҳинд, Африқои Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Мексика, Кореяи ҷанубӣ ва Туркия дигар аъзои ин гурӯҳ ҳастанд.