Рубрики Хабарҳо

Навалний ба 30 рӯз ҳабс маҳкум шуд

Алексей Навалний, раҳбари мухолифони Русияро, ки баъд аз муолиҷа аз Олмон баргашт, 18-уми январ бо қарори додгоҳ ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум карданд. Вакили мудофеи ӯ Вадим Кобзев гуфт, ин ҳукм бо дархости Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия (ФСИН) содир шудааст.

Мурофиа дар Идораи корҳои дохилии шаҳри Химки гузашт. Навалнийро ба ин муассиса шоми 17-уми январ аз фурудгоҳи Шереметево оварданд.

Дар бораи баргузории мурофиаи додгоҳӣ на Навалний ва на ҳомиёни ӯ пешакӣ огоҳ карда нашуданд. Вакилонро танҳо иҷозати вуруд ба мурофиа доданд, вале пеш аз ин ба онҳо имкон надоданд, ба бино дароянд.

Дар раёсати корҳои дохилии вилояти Маскав баъди шурӯи додгоҳ гуфтанд, сабаби ба шуъбаи умури дохилӣ интиқол додани ӯ дар он буд, ки ӯ тести коронавирусро насупурда буд. Бар асоси қонун, ҳар касе, ки ба Русия ворид мешавад, бояд давоми 72 соат аз санҷиши коронавирус гузарад.

Мақомот гуфтанд, бо ҳадафи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ворид шудан ба дохили биное, ки дар он ҷо мурофиа барпо шуд, манъ аст. Дар назди бинои Шуъбаи умури дохилӣ беш аз 100 тарафдори Навалний, инчунин, хабарнигорон ҷамъ шуданд. Бо ин ки мурофиа боз эълон шуд, нагузоштанд, тарафдорони ӯ ба дохил ворид шаванд.

Полис Навалнийи 44-соларо баъди расиданаш аз Берлин дар назди посгоҳи назорати шиносномаҳои фурудгоҳ боздошт кард. Мақомоти рус гуфтанд, Навалний барои нақзи чандкарати шароити ҳукми шартии зиндон аз соли 2014 аз рӯи иттиҳоми тақаллуб боздошт шуд. Навалний гуфт, қонунро вайрон накардааст ва парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *