Рубрики Хабарҳо

Фронти Халқӣ: Поккории қавмй ё қатли дастаҷамъӣ?

Таҳлили маводи зиёд, асноди мухталифи прутукулшудаи созмонҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ вобаста ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, коршиносонро хох-нохоҳ ба суоле мебаранд, ки оё дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ поккории қавмии тоҷикони Бадахшон аз тарафи нерӯҳои муштараки шибҳинизомии тоҷику турктабори Фронти Халқӣ ҷой дошт ва ё ин ҳолатҳои ҷиноии Фронти Халқӣ дар баробари намояндагони миллат фақат қатли дастаҷамъона дониста мешаванд. Мутаассифона, бо гузашти беш аз чоряк аср дар сатҳи давлатӣ касе аз мардуми Бадахшони Точикистон барои ин ваҳшонияти бемисл маъзарат нахостааст.

Нуктаи дуввум ин, ки дар солҳои ҷанг муҳосираи иқтисодиву иҷтимоӣ ва бархӯрди шабеҳ ба бегона (ксенофобиа) дар баробари мардуми Бадахшон аз тарафи ҷонибдорони Фронти Халқӣ ва қисман давлати марказии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд ва ҳама медонанд, ки агар хамон замонҳо кӯмакҳои ҷаноби Имом (Оғохони IV) намебуданд, шумори зиёде аз мардуми Бадахшон аз гуруснагӣ мемурданд.

Болои сӯхта намакоб, дар давраи «осоишта» (соли 2012 ва 2018) низ ҳукумати марказӣ бо баҳонаҳои мухталиф нерӯҳои собик шибҳинизомии хешро ба маркази вилояти мухтор фиристода, бори дигар ба иштибоҳи бузург роҳ дода, муносибати ошкорои шабеҳ ба ксенофобии хешро дар баробари тоҷикони Помир дар назди ториху миллат нишон дод. Ин ҳукумат мисли бунёдгузорони Фронти Халкй фақат роҳи истифодаи нерӯи низомиро дар ҳалли масоили иҷтимоиву сиёсӣ мебинад.

Баданаи миллат дар Бадахшон ҳануз шадидан дардманд аст. Бар замми ин, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва муносибати марказ ба вилояти мухтор баъди тасмими ҳукумати марказӣ ба кишвари ҳамсояи Чин вогузоштани заминҳои Тоҷикистон дар Бадахшон вазъу рӯҳияи мардуми тоҷики Помирро осебпазир намудааст. Аз тарафи дигар, раванди оммавии ба шахрвандии Федерасиюни Русия пазируфтани точикон низ аз ҷониби нозирон ва таҳлилгарон бе таваҷҷӯҳ гузшта намешаванд.
Миллат, ки бемор аст, дардҳои дигареро мисли азхудфирорӣ, ҳуввиятҷудоӣ ва бегонахӯӣ хуруҷ мекунад.

Ҳанӯз 12 сол пеш шахсан дар яке аз каҳвахонаҳои Маскав дар хиёбони Кутузов шоҳиди ҳодисаи ҳузнангез шудем. Пешхидмати ҷавон, ки меҳмондори мо буд, пеши синааш навиштаҷоти «Фирӯз»-ро дошт. Яке аз дӯстонамон ба русӣ пурсид, ки миллияти ишон чист? «Фирӯз»-и 17-18 сола, ки аз сӯҳбати миёни мо ба тоҷикӣ огоҳ буд, аз забони ба русӣ бо ифтихор чавоб дод: «Я — Памирец!»

Ин гапи имрӯз нест, ҳарфи 12 сол пеш аст!
Он вақт амалиёти «Хоруғ-2012» низ ҳанӯз дар «рӯзнома»-и ҳукумати кунунӣ набуд…

Навори кушторҳои Фронти Халқӣ то имрӯз дар шабакаи ҷаҳонии Интернетанд, якеаш дар сомонаи яке аз бунгоҳҳои асосии кишвар маҳфуз аст, ки фармондеҳи хунхори Фронти Халқӣ Файзалӣ Саидов дар назди «падар»-и Фронти Халқӣ Сангак Сафаров бо дашному ҳақоратҳои қабеҳ изҳор медорад, ки ӯ шахсан бо дастони худ 57 «помирӣ»-ро куштааст!

Дуруст мебуд, аввалин кореро, ки ҳукумати ояндаи солими миллӣ бояд анҷом диҳад, ба хотири ояндаи неку ваҳдати воқеъии миллат раванди реабилитатсияи воқеъии фарогири миллӣ дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Ва ҳатман давлати ҷадиди технократ аз мардуми Бадахшон барои ин номаъкулиҳои нерӯҳои шибҳинизомии Фронти Халқии Сангак Сафаров ва Сафаралӣ Кенчаев, аз номи давлати Точикистон расман аз мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маъзарат хоҳад то тамоюлоти манфии даврони Фронти Халқӣ ниҳоят ба поён расад ва роҳи рӯшан ба сӯи миллатсозии воқеъӣ боз шавад.

Маъзарати расмӣ хостани давлатҳои демократӣ дар кишварҳои пешрафтаи Ғарб ва аз ҷумла, дар Конодо як амри ҳуманистӣ ва худпокӣ аз саҳифахои шармандаовари торихи миллат ва сиҳисозии муҳити миллат ва кишвар барои ҳамзистии солиму баробари ояндаи ҳамаи мардуми кишвар мебошад. Аз ҳама асосиаш, он дарси талхест хам барои давлат ва ҳам мардуми кишвар. Ва он беҳтарин воксин аз нифоқу низоъст.

Албатта, ҳамин ҳукумат ҳам қодир аст, агар, воқеан, раҳму шафқате дар баробари ин миллат дорад, метавонист ҳамин корҳо ва ислоҳоти воқеъии сиёсиву миллиро ба хотири якпорчагиву ояндаи давлатдории миллӣ анҷом диҳад. Аммо таҳаввулоти беш аз чоряксадаи ахир нишон медихад, ки ҳокимият хоҳиши муколама бо мардум ва нерӯҳои сиёсиву иҷтимоии онро надорад ва ҳамеша худро дар фосилаи дастнорас нигоҳ медорад.

Нерӯҳои солим то ба ҳамин рӯз бовар доштанд, ки дар рӯзи 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳукумат ба мавкеъи ваҳдати миллӣ мутобиқи Созишномаи Сулҳи Тоҷикистон бармегардад.

Аммо Раиси ҷумҳури Тоҷикистон тарафи як ҷониб ва он ҳам бошад, нерӯҳои шибҳинизомии Фронти Халқиро гирифта, тарафи дуввуми сулҳро душмани миллат эълон намуд. Ҷомеаи байнамилалӣ ҳайратзада аст, ки оё ҳамин Раиси ҷумҳур, ҳамин ҳукумат воқеъан дар соли 1997 Созишномаи Сулҳи Тоҷикистонро имзо намуда буд ё хайр?

Фикр мекунем, ин мавзӯъи дигарест ва таҳлили дигареро талаб мекунад ва он дар дигар фурсат анҷом хоҳад ёфт.

Равшан Темуриён

Устоди Донишгоҳи Канада

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *