Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавируси нав ба қайд гирифта нашудааст, иттилоъ медиҳад маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар.
Қайд шудааст, тибқи конвенсиюни Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, ҷумҳури ҳама талаботи СБҶ, аз ҷумла қоидаҳои санитарии байналмиллалиро риоя мекунад.
Аз ҷумла дар фурӯдгоҳҳо ва сарҳадҳо нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ фаъолият мекунанд, ки мустақиман ба Вазорати тандурустӣ итоат мекунанд.
Дар ҳолати эълони изтироб кардани СБҶ бинобар паҳншавии вируси нави чинӣ, фаъолияти нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ ба ҳолати шабонарӯзӣ гузаронида мешавад.
Ҳамчунин қайд шудааст, ки дар фурӯдгоҳҳои байналмиллали кишвар телевизору термосканерҳо насб карда шудаанд ва мусофирони аз Чин воридшаванда зери назорат қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол қаблан эълон шуда буд, ки аз 23 январ то 2-4 феврал байни Тоҷикистону Чин ҳамаи парвозҳо қатъ карда шудаанд.
Тибқи иттилоъи охири Кумитаи давлатии беҳдоштии Чин шумори қурбониёни вируси нав ба 81 нафар ва шумори гирифторони он ба 2744 нафар расидааст. Дар вилояти Ҳубэй, ки паҳншавии контравирус аз онҷо шурӯъ шуд 76 нафар ҷон бохта, 1423 нафар гирифтор шудаанд.