Фаромадани на камтар аз 10 тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо дар як рӯзи ахир боиси марги 8 нафар ва захмӣ гаштани чандин нафари дигар гашт. Тарма барои муддате ҳаракати мошинҳоро дар қитъаҳои гуногуни роҳ номумкин кард. Ҳамчунин фаромадани тармаҳо болои хонаҳои мардум ба қайд гирифта шудааст.
Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз зери тарма дар шаҳри Хоруғ ду ҷасад ва 5 нафар, аз ҷумла як кӯдаки панҷсоларо берун оварданд.
Субҳи рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Хоруғ — маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақрибан даҳ хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф мондаанд.
“Азия-Плюс” бо истинод ба манбаъаш аз ҷойи ҳодиса менависад, дастикам 4-5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ҳамин ҳол, ин манбаъ гуфта, ки то ҳол маълум нест, ки онҳо сокинони ин маҳалла ҳастанд ва ё меҳмонон аз манотиқи дигар.
«Ду нафари фавтидагон дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидаанд. Аз субҳ боз дар саросари Хоруғ нерӯи барқ ва об нест», — гуфтааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, портали Your.tj бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад, ки дар ин ҳодиса се нафар ба ҳалокат расидаанд.
Умеда Юсуфӣ сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 15- уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳодиса субҳи имрӯз дар кӯчаи Носири Хусрав рух дод ва ҳоло наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, то ин соат 7 сокин, бо шумули як кӯдаки 5 сола, аз зери тарма берун кашида шудаанд. Ду нафари дигар ба ҳалокат расидааст. Ҷустуҷӯйи сокинони дигар идома дорад.
Дертар Юсуфӣ аз кушта шудани 8 нафар иттилоъ дод, ки 4 кӯдак ва 4 зан гуфта мешавад.
Тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.
Як рӯз пеш дар шаҳри роҳи Хоруғ, Роштқалъа тарма мошинеро бо 10 мусофираш пахш кард. Мусофирон зинда монданд, вале ҷароҳат бардоштаанд. Онҳо ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз боришоти пуршиддат ва хатари тармафароӣ аз 15 -ум то 17- уми феврал ҳушдор медиҳад. Бинобар ин, аз сокинон хоҳиш шудааст, аз сафари безарурат ба минтақаҳои баландкӯҳ худдорӣ намоянд.