Вазири дороии Исроил ибрози умедворӣ кард, ки сафари ҳафтаи ҷорӣ Ҷо Байден ба минтақа, мунҷар ба шаклгирии бозори муштараки Ховари Миёна шавад.
Авигдор Либерман дар ҷараёни суханронии рӯзи душанбеи худ дар конфронси иқтисодӣ, ки аз сӯи рӯзномаи Калкалист (Сalcalist) тартиб дода шуда буд, гуфт: “замони эҷоди як бозори муштараки ҷадид дар Ховари Миёна бо мушорикати Исроил, Арабистони саудӣ, Урдун ва соири кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс фаро расидааст.”
Либерман таъкид кард, ки шаклгирии ин бозор ҳам аз назари амниятӣ ва ҳам аз лиҳози иқтисодӣ чолишбарангез хоҳад буд.
Эял Ҳолата, мушовири амнияти миллии режими Исроил низ дар ин конфронс гуфт, ки сафари раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида, фурсати муҳиммеро барои пардохтан ба зарфиятҳои тавсеаи бозорҳои минтақа эҷод кардааст.
Ҳолата бо ишора ба ин, ки Ҷо Байден чаҳоршанбе вориди Тел Авив мешавад ва рӯзи ҷумъа дар парвози мустақим озими Арабистони саудӣ хоҳад шуд, таъкид кард: “мо бояд битавонем мавзӯъи бозори муштараки минтақаиро бо диққат ва гом ба гом дар тӯли ин сафар матраҳ кунем то пешрафтҳои мади назармон дар ин хусус ҳосил шавад.”
Дар идомаи ин конфронс, вазири дороии Исроил чашмандози бозори муштараки минтақаеро шомили шабакаи бузургроҳӣ ва релсӣ тавсиф кард, ки кишварҳое ҳамчун Исроил, Урдун, Арабистони саудӣ, Баҳрайн ва Амороти арабӣ муттаҳидаро ба якдигар муттасил мекунад.
Сипас Идан Ролл, муовини вазири хориҷаи Исроил бо таъкид бар тафоҳуми Тел Авив ва Риёз дар мавриди манофеъи муштараки зиёде, ки вуҷуд дорад, хотирнишон кард, ки равобити Тел Авив ва Риёз бо ҳадафи баҳрагирӣ аз фурсатҳои ҷадид, дар раванди оҳиста ва тадриҷӣ дар ҳоли амиқшавист.
Исроил бо ҳимояти Иёлоти муттаҳида дар соли 2020 нисбат ба оддисозии равобити худ бо чаҳор кишвари арабӣ шомили Аморот, Баҳрайн, Судон ва Марокаш иқдом кард. Бо ин вуҷуд Арабистони саудӣ ҳамчунон ба далели адами ҳусули тавофуқи расмӣ дар мавриди ташкили кишвари мустақили фаластинӣ, аз ба расмият шинохтани расмии Исроил худдорӣ кардааст.