Рубрики Хабарҳо

ДОИШ дар ҳамла ба дидбоноҳи “Султонобод” муттаҳам шуд

Нерӯҳои марзбонии КДАМ ҳамла ба дидбонгоҳи “Султонобод”-ро кори дасти ДОИШ донист. Ин ниҳод бо пахши изҳороти наве эълон кардааст дар пайи пурсиши боздоштшудагон маълум гардида, гурӯҳи мусаллаҳе, ки шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод” ҳамла карданд, шаби 3-юми ноябр аз Афғонистон вориди Тоҷикистон гаштаанд.

“Гуруҳи мусаллаҳи террористӣ, санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус, бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд”, – даъво кардааст ин ниҳод..

Ин манбаъ ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳамлагарон ҳама  узви ДОИШ будаанд. 

Қаблан Нерӯҳои марзбонӣ ва Вазорати корҳои дохила   

аз ҳамлаи мусаллоҳона ба дидбонгоҳи марзӣ хабар дода буданд

Тибқи иттилоъи манобеъ бар асари ҳамлаи “гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми ниқобдор” як сарбози марзбонӣ ва як корманди ВКД Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. 

Маркази матбуотии Нерӯҳои марзбонии КДАМ навишта буд “шаби 06-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.

Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда ва 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *