Бо оғози соли нави хониш 700 хонандаи як мактаб дар Душанбе ба мактаби дигар кӯчонида шуданд ва хонандагон маҷбуранд дар 3 баст ва баъзан берун аз синфхона дарс хонанд.
Ба иттилои хабаргузории АзияПлюс волидайни хонандагон бо изҳори нигаронӣ гуфтаанд, қабл аз оғози хониш, “31-уми август бо далели таъмири мактаби №77, 700 хонандаи онро ба мактаби №78 кӯчониданд”.
Дар сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе кӯчонидани 700 хонандаи мактаби №77-ро ба муасисаи №78 тасдиқ карда гуфтанд, “танҳо дарсҳои хонандагони кӯчидашуда ба 3 баст тақсим гардида, соатҳои дарсии онҳо аз 45 дақиқа то ба 30 дақиқа кам карда шудааст”.
Гуфта мешавад, мактаби №77 дар давоми соли таҳсил таъмир гардида, дар соли хониши оянда ба истифода дода мешавад.
Хабаргузорӣ менависад, дар соли нави хониш ин нахустин эътирози волидон аз мактабу маорифи кишвар набуда, чанд рӯз пештар беш аз 40 нафар сокинони шаҳри Душанбе аз шеваи қабули мактаби русӣ дар маҳаллаи Зарафшон шикоят карда буданд. То ҳол маълум нест, ки мушкили шикояткунандагон ҳалли худро пайдо кардааст ё хайр.