Рубрики Хабарҳо

Фармондеҳи кулли артиши Укроин: Ба 50 километрии марзи Русия расидаем

Дусад рӯз пас аз таҳоҷуми низомии Русия ба хоки Укроин, Киев иддао кард, ки артиши ин кишвар бахшҳои васеъе аз ҷанубу шарқро дар ҷараёни зиддиҳамлаии барномарезӣ шуда пас гирифта ва зарбаи сангине ба нерӯҳои русӣ ворид кардааст. 

Артиши Укроин муддаӣ аст, ки зиддиҳамлаи худро дар рӯзҳои поёни моҳи август оғоз кард. Пас аз тамаркузи аввалия бар минтақаи ҷанубии Херсон, ки дар рӯзҳои оғози ин ҷанг аз сӯи нерӯҳои русӣ ишғол шуд, бо оғози интиқоли нерӯҳои русӣ аз ҷабҳаи шарқӣ барои тақвияти ҷабҳаи ыануб зиддиҳамлаи бузурги худро, дар минтақаи Харков воқеъ дар шимоли шарқии Укроин тартиб додааст. 

Фармондеҳони укроинӣ мӯътақиданд, ки Маскав бо афзоиши эҳтимоли муҳосира шудани гурӯҳи бузурге аз нерӯҳояш, дастури ақибнишинии бештари нерӯҳо аз Харковро содир кардааст. 

Дар ҳоле Киев аз тағйири чашмгир ва бесобиқаи саҳнаи ҷанг ба нафъи худ аз замони оғози таҳоҷуми низомии Русия дар 24 феврал хабар медиҳад, ки Маскав гирифтани тасмим барои ақибнишинии нерӯҳо аз Харковро дар ростои дастёбӣ ба аҳдофи амалиёти низомии тарроҳишуда барои рӯзҳои оянда ва тамаркуз бар минтақаи Донетск донистааст. 

Бо ин ҳол, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, рӯзи шанбе дар як суханронии видеоӣ эълом кард, ки артиши кишвараш дар рӯзҳои сипарӣ шуда аз сентябр ҳудуди ду ҳазор километри мураббаъ аз заминҳои ишғолиро пас гирифтааст. Ў ҳамчунин ба Маскав ба хотири ақибнишинии артиш таъна зад ва гуфт: “артиши Русия дар ҳоли анҷоми беҳтарин коре аст, ки метавонад бикунад.” 

Валерий Фёдорович Залужний, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Укроин чанд соат пас аз Зеленский дар баёнияе иддао кард, ки артиши Укроин аз ибтидои моҳи ҷорӣ, сентябр, контроли беш аз 3 ҳазор километри мураббаъ аз заминҳои кишварашро ба даст гирифтааст. 

Генерал Залужний афзуд артиши Украина на танҳо дар атрофи Харков ба самти ҷанубу шарқ, балки ба сӯи шимол низ пешравӣ карда ва ба 50 километрии марзи Русия расидааст. 

Укроин мегӯяд, ки аз замони шурӯъи зидди ҳамлаҳо, нерӯҳои ин кишвар беш аз 30 шаҳракро дар минтақаи Харков бозпас гирифтаанд ва дар минтақаи Херсон низ ба думболи берун рондани нерӯҳои русӣ аз пойгоҳи худ дар соҳили ғарбии дарёи Днепр будаанд. Ҳамчунин пас аз тасарруфи шаҳри Балаклея, дар наздикии Харков, нерӯҳои укроинӣ ба суръат ҳамалоти худро ба самти шаҳри шарқии Купянск ва як масири риллии стратегӣ мавриди истифодаи нерӯҳои русӣ мутамаркиз карданд. 

Онҳо рӯзи шанбе низ муддаӣ дар ихтиёр гирифтан контроли шаҳри стратегии Купянск ва қатъи хутути тадорукотии гурӯҳи бузурге аз нерӯҳои русии мустақар дар атрофи шаҳри Элизиум бо Ҷануб шуданд. 

Нерӯҳои Русия низ ба минтақаи Запороже дар шимол ҳамла карданд ва бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупоро тасарруф карданд. Охирин реактор аз шаш реактори фаъоли он рӯзи якшанбе ва пас аз афзоиши хатари идомаи фаъолияти он, таътил шуд. 

Моҳи гузашта низ вуқӯъи маҷмӯае аз инфиҷорҳо дар пойгоҳҳои ҳавоӣ ва як анбори муҳиммот дар Крим, осебпазирии нерӯҳои русиро дар ин шибҳиҷазираи Укроин, ки дар соли 2014 замимаи хоки Русия шуд ва тайи 200 рӯзи гузашта аз он барои анҷоми амалиётҳои ҳавои алайҳи Укроин истифода мешуд, нишон дод. 

Аммо Маскав дар манотиқи ишғолии шарқ масъулони идориро мансуб карда ва бо ба ҷараён андохтани рубл ва тавзеъи шиносномаи русӣ дар ҳоли тадоруки шароити лозим барои пайвастани ин манотиқ ба хоки худ будааст. Албатта зиддиҳамлаи Укроин ин иҷрои марҳалаи ниҳоии тарҳро ба таъхир андохтааст, чунон ки яке аз мақомоти аршади мавриди ҳимояти Маскав дар Херсон хостори ба таъхир афтодани ҳамапурсии илҳоқ ба Русия дар ин минтақа шуд. 

Ҳар ду тараф дар бузургтарин ҷанги Аврупо аз замони поёни ҷанги ҷаҳонии дувум мутаҳаммили хисороти сангине шудаанд. Фармондеҳи артиши Укроин моҳи гузашта гуфт, ки наздик ба 9 ҳазор сарбоз ин кишвар дар амалиёти низомӣ кушта шудаанд. Ҳар чанд, ки Маскав аз моҳи март то кунун талафоти нерӯҳои худро гузориш накардааст, тахминҳои манобеъи ғарбӣ теъдоди куштаҳоро то биступанҷ ҳазор нафар тахмин мезанад. Укроин мегӯяд наздик ба 53 000 сарбозу афсарони Русияро куштааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *