Рубрики Хабарҳо

Қирғизистон аз ҳодисаи “Султонобод”изҳори нигаронӣ кард

Ҳамсоякишвари Қирғизистон аз ҳамлаи тундгароён ба дидбонгоҳи “Султонобод”-и Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.  

Дирӯз зимни гуфтугӯйи телефонӣ Чингиз Айдарбеков, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба ҳуҷуми гурӯҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бар асари он кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон низ ҳалок шуданд, изҳори нигаронӣ кард.

Дар сойти хадамоти матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон навишта шудааст,  ки ҷониби Қирғизистон чунин амалҳоро маҳкум карда, ба талошҳои муштараки давлатҳои минтақа баҳри таъмини амнияти минтақавӣ дастгирии қавии худро изҳор медорад.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба аҳли оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтидаи Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин айни замон шомили ҳайатест, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари Аврупо ҳамроҳӣ мекунад,.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *