Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 7 ноябр дар шаҳри Сюрихи Суис бо президенти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Ҷеймӣ Флайро дидор кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози мулоқот Раҳмон таъкид кардааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар мамлакат аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.
Раисҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки хабарҳо доир ба қатъи фаъолияти Радиои Озодӣ дурӯғи маҳз аст ва имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар кормандони он ба қайд гирифта шуда, озодона фаъолият мекунанд, ҳол он ки дар баъзе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ фаъолияти Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст.
Ӯ изҳор доштааст солҳои охир Радиои Озодӣ бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст. “Ба ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби кадом расонаҳои хабарие, ки набошад, новобаста аз шакли тобеияташон роҳ дода намешавад” – гуфтааст Раҳмон ба Флай.
Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” талаб кардаст, ки “дар доираи фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлати мо ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод омода намоянд” – иттилоъ медиҳад манбаъ .
Қаблан мақомоти Тоҷикистон ба фаъолияти Радиои Озодӣ, ба хусус баъди ба истеъфо рафтани Соҷидаи Мирзо, монеъаҳои зиёд эҷод кардаанд. Аз ҷумла ба 18 нафар хабаргузорони ин расона иҷозаи фаъолият намедонанд ва танҳо пеш аз сафари Раҳмон ба Аврупо 6 нафари онҳо ин иҷозаро дарёфт карданд.