Вазири дифоъ ва раиси Созмони иттилооти Туркия дар Маскав бо вазирҳои дифоъ ва раисҳои Созмони иттилооти Русия ва Сурия дидор карданд.
Хулуси Акар вазири дифоъи миллӣ ва Ҳокан Фидан раиси Созмони иттилооти Туркия дар Маскав бо Сергей Шогу вазири дифоъи Русия, Алӣ Маҳмуд Аббос вазири дифоъи Сурия ва раисҳои Созмони иттилооти ду кишвар гирди ҳам омаданд.
Ба гузориши Вазорати дифоъи Туркия, дар ин нишаст “буҳрони Сурия, муҳоҷирину оворагон ва муборизаи муштарак бо куллияи гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Сурия мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт”.
Туркияву Русия бар сари Сурия беш аз даҳ сол ихтилоф доштанд ва ин ихтилоф ҳатто то сарҳади як бархӯрди низомӣ наздик рафта буд. Ҳоло, ба гуфтаи коршиносон манофеъи ин се кишвар ба ҳам наздик шудааст. Онҳо мегӯянд ҳукумати Туркия дар остонаи интихобот ба як дастоварди сиёсӣ ниёз дорад, ҳукумати Русия дар пайи ҷанг бо Укроин мехоҳад хавосаш аз ҷониби сурия ҷамъ бошад. Башор Асад бошад аз вазъи бавуҷудомода мехоҳад истифода кунад, то миллионҳо гуреза аз Туркияро баргардонад ва контрони сарҳадҳояшро ба даст гирад.
Туркия мизбони 3,5 миллион гурезаи сурӣ аст.