Инфиҷори худрави бомбгузорӣ шуда бомдоди чаҳоршанбе дар ҳавзаи понздаҳуми шаҳри Кобул дар наздикии сохтмони вазорати кишвар, дасти кам 7 кушта ва 7 захмӣ бар ҷой гузошт.
Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати кишваир Афғонистон зимни эъломи омори аввалияи кушта ва захмишудагони ин ҳодиса, эълом кард, ки ин омор мумкин аст афзоиш ёбад.
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти анҷоми ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст.
Ин ҳодиса як рӯз пас аз он рӯй дод, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон аз мувофиқати давлаташ бо мубодилаи се тан аз мақомоти аршади шабакаи Ҳаққонӣ, ки зиндонӣ ҳастанд, бо ду устоди хориҷии донишгоҳҳои Кобул, ки гаравгон гирифта шуда буданд, хабар дод.
Бар ин асос Ҳоҷӣ Молихон ва Ҳофиз Рашид, ду тан аз фармондеҳони низомии шабакаи Ҳаққонӣ ва Анас Ҳаққонӣ, бародари нотании Сироҷиддин Ҳаққонӣ раҳбари кунунии шабакаи Ҳаққонӣ, ки умдатан масъули умури молии гурӯҳи Ҳаққони буд, бо Кевин Кинг, устоди донишгоҳи амрикоии Кобул ва ҳамкори австралияии ӯ, Тимати Викс мубодила мешуданд.
Эъломи хабари мубодилаи зиндониён, ин умедро ба вуҷуд оварда буд, ки аз ихтилофоти тарафайни даргирӣ дар Афғонистон ва дар пайи он аз сатҳи хушунатҳо коста шавад.