Рубрики Хабарҳо

Интихобот ё таъиноти навбатӣ? (Навор)

Ба баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ се моҳ мондааст. Аммо, то ба ҳол дар ҷомеаи 9 миллион нафараи Тоҷикистон ба кам касе ру ба ру мешавед, ки аз интихобот ҳарф занад.

Чанде пеш  ҳукумат 5 нафар собиқадорони ҳизби халқи демкоратиро аз ҳизб хориҷ кард ва раёсати  Коммисссиюни марказии раъйпурсӣ ва интихоботро аз ҳисоби “ғайриҳизбиён” ташкил дод. Ба шахсони содиқ ба сиёсати ҳукумати имрӯза ҷомаи безҳизбӣ пӯшонида, ба курсиҳои маркази райпурсӣ ва интихобот шинонд. Коршиносон ин амалкарди ҳукумати иҷроияро паёме меноманд ба ҷомеъа мабнӣ бар ин ки ҳукумат ҳеҷ интихоботи шаффофу демократие баргузор карданӣ нест. 

Имрӯзҳо ҳукумат кӯшиш дорад, бо кӯмаки чанде аз аҳзоб, ки таҳлилгарон онҳоро “ҳизбҳои кисагӣ” меноманд, интихоботро “демократӣ”, “шаффоф” ва “дар фазои гуногунандешӣ баргузормешуда” ҷилва диҳад. Аҳзоб ҳам ба кӯмаки ҳукумат камар бастаанд.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон эълон кард, ки тасмим дорад барои дарёфти на камтар аз 10 курсии вакилӣ ва таъсиси фраксия дар парлумон, дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ мубориза барад.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба хабаргузории Азия плюс гуфтааст, аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва рӯйхати ҳизбӣ, ҳизбаш на камтар аз 15 аъзои Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро пешбарӣ карданӣ аст.

“Замони дақиқи баргузории анҷумани пеш аз интихоботии ҳизб даҳаи аввали моҳи декабр маълум мешавад. Аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ва рӯйхати ҳизбӣ мо на камтар аз 15 аъзои ҲСТ-ро пешбарӣ карданием. Айни замон Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба интихоби номзадҳо машғул аст. Талаботи асосӣ барои номзадҳо аз ҳизби мо огаҳ будан аз ҷараёни қонунофарӣ, ватандӯстӣ ва шиносоии наздик бо мушкилоти интихобкунандагон мебошад” гуфтааст Ғаффоров.

Гуфтанист, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 15-уми июни соли 1996 дар анҷумани Хуҷанд бо ибтикори собиқ раиси шурои олӣ Сафаралӣ Кенҷаев таъсис ёфта буд.

Аввали соли 2004 ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Яке аз ҷиноҳҳо бо роҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров раиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ кард ва ҷиноҳи дигар таҳти сарварии Мирҳусейн Назриев мавқеъи мухолифи ҳукуматро дошт. Ҳар ду ҷиноҳ ҳам мехостанд номи ҳизб “Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон” бошад, аммо Вазорати адлия зери ин ном ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоровро сабтином кард. То ҳол ин ҳизб ҳеҷ мавқеъгирии мухолифе бо ҳизби ҳоким аз ҳизби Ғаффоров дида нашудаст. Баръакс дар интихоботии қаблии раёсатҷумҳурӣ, худи Ғаффоров, ки номзад ба мақоми раисҷумҳур буд, ба тарафдории… Эмомалӣ Раҳмон овоз дод.

Худи ҳизби ҳокими халқӣ демкоратӣ бошад, аллакай омодагии худро ҷиҳати баргузории интихоботи парлумонӣ оғоз кардааст. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар Конфронси XVIII-уми   ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон илова бар баррасии масъалаҳои ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб, оиди корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳисобот дода шуд. 

Ягона ҳизби сиёсии расмие, ки мешавад ҳизби мухолиф хонд, Ҳизби сотсиал демкорати Тоҷикистон аст. Вале он ҳам сиёсати худро эҳтиёткорона пеш мебарад. 

Аз сӯҳбати Профессор Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, ки бо Паём дошт бармеояд, ки ин ҳизб ҳарчанд кӯшиш дорад, дар интихоботи парлумонӣ ширкат кунад, вале то ба ҳол шакли ширкат дар интихоботро ин ҳизб муайян накардааст. Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки ширкати фаолонаи ҳизби сиёсии мухолиф ба доираи роҳбарикунандаи ҳукумати Тоҷикистон хуш намеояд ва дар ҳол болои ин ҳизб тазйиқу фишор пиёда хоҳад шуд. 

“Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон чун намояндаи як қишри ҷомеъа бояд дар интихоботҳо ширкат кунад, вале боиси таассуф аст, ки тафовут байни талаботи қонунгузорӣ, асноди ҳуқуқи байналмиллалӣ, ӯҳдадориҳои Тоҷикистон ва таҷрибаи сиёсӣ хеле зиёд аст. Бинобар ин агар ба таври машрӯъ ва шафоф фаъолтар шавем, бо дарназардошти таҷрибаи сиёсӣ, ин боиси нигаронии доираҳои муайяни ҳукуматӣ мешавад. Сатҳи фарҳангӣ сиёсӣ ва иродаи сиёсии мо то дараҷае нарасидааст, ки ошкортар аз ҳаздафҳо, вазифаҳо ва стротегияву тактикаи иштирок дар ин интихобот ҳарф занем” – гуфт Шокирҷон Ҳакимов. 

Муовини раиси ҲСДТ мегуяд, агар ҳизбаш дар парлумон роҳ ёбад, пеш аз ҳама ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми оддӣ аз ин бурд мекунанд ва хостаҳои мардум дар минбари парлумон баррасӣ хоҳад шуд. 

Роҳбари Дидбони ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Иззат Амон, ки мехост бо сабти ном кардани ҳизби сиёсии наве бо унвони Тағйирот, Ислоҳот ва Тараққиёт дар маъракаҳои сиёсии Тоҷикистон бо дастгирии муҳоҷирони корӣ  мубориза барад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, хеле умед дошт, ки то интихобот имконияти ба қайд гирифтани ҳизбаш шояд вуҷуд дошта бошад. Аммо ҳоло бошад, бо таваҷҷӯҳ ба кирдорҳои сиёсии ҳукумати Тоҷикистон ба ин хулоса расидааст, ки дар Тоҷикистон интихоботи шаффоф баргузор намешавад ва ҳеҷ як ҳизби мухолифи дорои барномаҳои мардмусолорӣ ба маъракаи интихобот роҳ намеёбад.

Дар ду даҳаи охир интихоботҳои Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки ниме аз шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй дар Тоҷикистон, замони баргузории интихобот наметавонанд ширкат кунанд. Чун дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд. Ҳиссаи бузурги раъйдиҳандагон, ки  дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, шароити мувофиқе барои онҳо барои додани раъй муҳайё намешавад. Ба таври мисол Аз 85 субъекти Федератсияи Русия, танҳо дар се ё чаҳор субъект шароити овоздиҳӣ барои муҳоҷирон муҳайё карда мешаваду халос. Бар замми ин кам муҳоҷиронро пайдо кардан мумкин аст, ки бо хоҳиши тамом, кори худро яксу гузошта ба овоздиҳӣ равад. Чи хеле, ки дар дохили кишвар ҳамагон интихоботро як бозии натиҷааш пешакӣ ҳалшуда медонанд ва ширкат дар интихоботро беҳуда медонанд, дар хориҷ низ муҳоҷирон ба ҳамин андешаанд, ки интихобот дар Тоҷикистон, як маъракаи сиёсии беҳуда аст ва аз он ба ҷуз як доираи ҳоким ба мардум фоидае нест.

Матлаб такмил мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *