Хариду фурӯши тақситӣ ба якборагӣ пардохт кардани маблағи харид неву дар як чанд вақт қисм-қисм пардохт кардани маблағи колои харидаро мегӯянд.
Хариду фурӯши тақситӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли давлатҳои дигар роиҷ ёфта нест. Аммо дар дигар давлатҳо, махсусан давлатҳои пешрафта як муомилаи маъмулие аст, ки қариб тамоми муассисоти тиҷоратӣ аз он истифода мебаранд. Хариду фурӯши тақситӣ дар Русия бо номи “Рассрочка” машҳур аст.
Шакли ин муомила чунин аст: Фурушанда колоро ба харидор медиҳад, харидор бошад мублағи чизи харидаашро ба якборагӣ неву дар тӯли муддати муайян қисм-қисм пардохт мекунад. Нархи коло, агар ба якборагӣ пардохта шавад, арзонтар аст, аммо агар бо тақсит ё худ маблағашро қисм-қисм ҷудо карда дар тӯли чанд моҳ дода шавад, қимматтар аст.
Барои мисол телефони дастие, ки нархаш ду сад доллор аст, шумо онро ба маблағи сесад доллор мехаред ва он сесад дуллорро дар шаш моҳ, ҳар моҳ панҷоҳ доллари тақсим карда, ба соҳиби телефон медиҳед.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар хариди хонаву ашёҳои гарон аз хариду фурӯши тақситӣ истифода мекунанд, он ҳам дар шаҳрҳо, аммо дар давлатҳои дигар ин намуди савдо дар ҳамаи намуди тиҷорат аз либосу озӯқаворӣ сар карда, то хонаву мошин вуҷуд дорад. Масалан, дар Туркия тақрибан дар ҳама мағозаҳо навишта шудааст, ки маблағи ин коло, агар ба якборагӣ маблағашро пардохт кунед, фалон нарх аст, агар бо қисм ё ба шаш моҳ ва ё муддати дигар тақсим карда диҳед, фалон нарх аст.
Дар хариду фурӯши тақситӣ баъзан маблағи коло дар ҷояш меистад. Агар ба якборагӣ тамоми маблағро диҳед ҳам ва ё дар чанд моҳ диҳед ҳам, фарқ намекунад. Аммо имрӯз тамоми тоҷироне, ки ин намуди савдоро ба роҳ мондаанд, колоро бо нархи зиёдтар мефурӯшанд. Нархи колои ба якборагӣ маблағашро медода арзонтар аст, агар ба қисмҳо ҷудо карда харидем, қимматтар аст.
Нигоҳи шариат ба ин намуди хариду фурӯш
Ҷумҳури уламо, соҳибони чаҳор мазҳаб ин намуд савдоро ҷоиз гуфтаанд ва ҳама иттифоқ ҳастанд, ки хариду фурӯши тақситӣ аз тиҷоратҳои ҳалол мебошад.
Барои ин масъаларо боз возеҳтар фаҳмидан, мо ба яке аз мутахассисони соҳаи фиқҳ, махсусан фиқҳи муосир доктори Фиқҳи чаҳор мазҳаб, мудири бахши фиқҳи муқорани донишгоҳи Азҳари Миср устод Ҳусни Фатҳӣ муроҷиат кардем:
- Хариду фурӯши тақситие, ки имрӯзҳо дар соҳаи тиҷорат хеле роиҷ аст ва тақрибан тамоми давлатҳо, махсусан давлатҳои мусаломоннишин аз он истифода мекунанд, дар шариат ҷоиз мебошад ва уламо ба ин намуди савдо иҷозат додаанд, далели ҷоиз будани ин тиҷоратро ба мо мегуфтед то ки ин мавзӯъ боз равшантар гардад?
- Оре, чӣ гунае, ки зикр кардед, хариду фурӯши тақситиро ҷумҳури уламо ҷоиз гуфтаанд, уламои гузаштаву ҳозира ин намуди савдоро ҳалол мегӯянд, хариду фурӯше, ки маблағи колоро дар тули як чанд муддат ба қисмҳо ҷудо карда аз нархи аслии коло зиёдтар ба фурушанда дода мешавад. Агарчӣ нархи хариди тақсити аз нархи хариди оддӣ зиёдтар бошад ва дертар пардохт карда шавад ҳам, ин намуд тиҷорат саҳеҳ мебошад. Далели ҷумҳури уламо аввалан ҳадиси Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос мебошад, вақте Паёмбар аз Абдуллоҳ хоҳиш мекунанд барои лашкар шутур бихарад, Абдуллоҳ ба маблағи ду шутур як шутур мехарад ва маблағи шутурҳоро барои соли оянда мегузорад. Ба фурӯшандаи шутур мегӯяд, ки ман ҳоло аз ту сад шутур мехарам, барои он ки дар даст маблағи кофӣ надорам, маблағи ин шутурҳоро пардохт карда наметавонам, соли оянда ба ҷои маблағи сад шутур, ман ба ту маблағи ду сад шутурро медиҳам. Фурӯшанда розӣ мешавад, вақте Абдуллоҳ ба назди Паёмбар омада аз хариди шутур хабар медиҳад, ки ба маблағи ду сад шутур сад шутур харид ва маблағро пас аз як сол мепардозад, Паёмбар розӣ мешаванд ва соли оянда маблағи ду сад шутурро ба фурӯшанда медиҳанд.
- Инчунин ояти карима, ки мегӯяд: Аллоҳ тиҷоратро ҳалол гардонид ва риборо ҳаром гардонид.
- Тиҷорати тақситӣ аз пеш буд, Паёмбар онро инкор накарданд ва ба ин оят дохил мешавад. Инчунин вақте Паёмбар ба Мадина омаданд, диданд, ки мардум хурморо ба муддати ду ва се сол мефурӯшанд. Маблағи хурморо то ду се сол пардохт мекунанд. Паёмбар инро дида иқрор карданд ва гуфтанд, агар дар муддати дароз маблағро пардохт кунед, албатта муддатро муайян кунед ва колоро муаян кунед. Инчунин ҳадисҳои дигаре ҳаст, ки ба ҷоиз будани хариду фурӯши тақситӣ далолат мекунад.
- Ва бояд чизи дигареро зикр кард, дар хариду фурӯши тақситӣ маблағи коло зиёдтар пардохт мешавад, на барои он ки муддати пардохти маблағ дарозтар аст, балки барои он ки бо гузашти замон нархи коло одатан меафзояд. Хонае, ки имсол даҳ ҳазор аст, шояд соли оянда понздаҳ ҳазор гардад, ана барои ҳамин зиёд будани нарх дар хариду фурӯши тақситӣ асло рибо ҳисобида намешавад.
Ҳадиси Амр ибни Ос ҳадисе, ки ба ҷоиз будани хариду фурӯшӣ тақситӣ далолат мекунад дар китобҳои машҳури ҳадис мисли Сунани Абу довуд ва муснади Аҳмад зикр шудааст.
Чӣ гунае, ки зикр кардем, маблағи коло дар хариду фурӯши тақситӣ ба вақтҳои муайян тақсим карда, дертар пардохт карда мешавад ва ғолибан аз нархи аслии коло гаронтар аст.
Дар тиҷорати тақситӣ тули чанд вақт маблағ пардохт карда шавад ва чӣ қадар пардохт карда шавад, ин масъаларо фурӯшандаву харидор бо ҳам иттифоқ мекунанд. Ҳар моҳ, ҳар сол ва ё муддати дигар.
Албатта дар хариду фурӯши тақситӣ, ҳам барои харидор ва ҳам барои фурушанда суд аст, барои он ки на ҳама кас маблағи калон доранд ва ба якборагӣ маблағи чизи хостаашонро дода метавонанд. Шахсе, ки ба якборагӣ хона харида наметавонад бо нархи гаронтар ҳар моҳ қисм-қисм ҷудо карда, дар тӯли ду-се сол соҳиби хона мегардад.
Фурӯшанда низ барои он ки колои дар дасташ буда, бехаридор боқӣ намонад, бо тақсит онро мефурӯшад, агарчӣ дар муддати дарозтар тамоми маблағ ба дасташ расад ҳам беҳтар аз он аст, ки харидор пайдо накунад.
Дар давлатҳои араб ҳатто шахсони фақир бо ин намуди савдо эҳтиёҷоти худро мехаранд ва маблағи яхдони харидааашонро, масалан дар тули як сол пардохт мекунанд.
Хариду фурӯши тақситӣ дар навъи муайяни коло маҳдуд нест, шумо метавонед аз ин намуди савдо дар тамоми намудҳои коло истифода кунед. Хонаву мошин, ҳатто либосу хурока.
Муслимаи Аҳмадӣ