Шоми чаҳоршанбе Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифини тоҷик дар Аврупо, ба таври онлайнӣ дар шабакаҳои иҷтимоии ютуб ва фейсбук оиди паёмадҳои ҳамлаи гурӯҳи ҷангҷӯи Давлати исломӣ ба дидбонгоҳи наздимарзии Ишқобод суханронӣ кард.
Кабирӣ сараввал бинобар шаҳодати қурбониёне, ки дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи ҷангҷӯ кушта шуданд, изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд.
Зимнан роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон гуфт, ки ба хотири он ки ҳукумат бо вуҷуди огоҳӣ аз қазия ва даст доштан ба маълумот онро пинҳон мекунад, дар ҷомеа ҳадсу гумонҳо зиёд мешаванд ва сару садоҳои ҳархела пароканда мешавад.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, сабаби асосии фосила гирифтани мардум аз мақомот ва зиёд шудани ҳисси нобоварии ҷомеа ба ҳукумат низ ҳамин аст, ки ҳамеша кушиш мешавад воқеият аз назари мардум дур бимонад.
Ба бовари роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ба хотири додани маълумоти носаҳеҳ аз ҷониби мақомот, фарзияҳои зиёд ба миён меояд ва вазъият боз ҳам муташанниҷтар мешавад. Кор то ҷое рафта, ки агар билфарз мақомот ягон маълумоти дурустеро ҳам расонаӣ кунад, касе бовар намекунад.
Кабирӣ афзуд, ин ҳама силсиладурӯғҳо боис гашт, ки мардум ба хулосае омад, ки ин ҳукумат ҷуз дурӯғ тавони гуфтани чизи дигареро надорад.
Роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон бо таъкид гуфт чанд ҳодисаҳои охир нишон медиҳанд, ки гурӯҳи ҷангҷӯи давлати исломӣ ва ҳукумати Тоҷикистон як сиёсат ва стратегияи муштарак доранд.
Эътирофи гурӯҳи ҷангҷуи давлти исломиро Муҳиддин Кабирӣ дар он донист, ки ин гурӯҳ дар айни шикаст ва парокандагияш мехоҳад нишон бидиҳад, ки арзи вуҷуд дорад ва пой бар ҷост.
Зимни сӯҳбати онлайнии худ Кабирӣ ба сафари президенти Тоҷикистон ба Аврупо низ дахл карда гуфт, ҳарчанд барои худи Эмомалӣ Раҳмон ин сафар муҳим буд, вале ҳодисаи мудҳиши ҳамлаи ҷангҷӯён ба дидбонгоҳ хеле нигаронкунанда буд ва мебоист раисҷумҳур ин қазияро шахсан пайгирӣ мекард. Аммо ақалан ба пайвандони қурбониёни ин ҳамла изҳори ҳамдардӣ накард. Дар ҳоле тули чанд рӯз ба хотири ширкат дар форуми сулҳ дар Париж беҳудагардӣ кард, ки дар ин форум ҳамчун як шахси муҳим даъват шуда набуд ва ҳатто суханронӣ надошт.
Бино ба маълумоти додаи Кабирӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо бо дастгирии Оғохони 4 роҳ ёфтааст, чун худи Оғохон аз созмондиҳандагони форуми сулҳ аст ва бо ташаккур ба ӯ Эмомалӣ Раҳмон баъди се сол ба сафари кишварҳои Аврупо даст ёфт
Кабирӣ гуфт, ҳарчанд мақомот сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупоро пирӯзӣ эълон карданд, дар Форуми сулҳ дар Париж хонуме, ки бо сухани ифтитоҳии худ ба форум ҳусни оғоз бахшид, бо ишора ба кишварҳои диктотурӣ мисли Тоҷикистон гуфт, дар ин форум касоне нишастаанд, ки зиндонҳои кишварашон пур аз маҳбусони сиёсӣ аст, рӯзноманигорон, зиёиён ва нухбагонашон аз сиёсати диктотуриашон ба дод омада, ру ба фирор овардаанд.
Дар идома Кабирӣ даъват ба амал овард, ки пеши роҳи тахрибкориҳо гирифта шавад. Набояд ба ҳар баҳона мардуми оддӣ қурбони дасисаҳо шаванд. Вақти он расидааст, ки миллат мутаҳид бошад ва аз сангандозию иттиҳом алайҳи якдигар бояд даст кашем.
Муҳиддин Кабирӣ дар ниҳояти суханронии худ умед кард, ки байни ин суханронӣ ва суханрониҳояи навбатияш фосилаи дур нахоҳад буд ва гуфтаниҳои зиёде дорад.
Шакли пурраи ин суханронӣ дар шабакаи ютубии Паймони миллии Тоҷикистон қобили дарёфт аст.
Шакли пурраи суханронии раҳбари Паймони миллиро инҷо бубинед: