Рубрики Хабарҳо

Нафақаи зани шавҳараш фавтида

Шариати Ислом барои ба саодати ҳамешагӣ расидани инсоният омадааст. Ҳар қонуне, ки дар шариат вуҷуд дорад, ба ҷуз ҳикмату раҳмат чизи дигареро дар бар намегирад. Аз ҳадафҳои муҳими дини мо хушбахт сохтани оила мебошад, вақте оилаҳо обод мегарданд, бешак ҷомеа низ обод мешавад. Сарчашмаи саодати оила эҳтироми якдигар мебошад. Корхонае, ки дар он ба мудир эҳтиром намегузоранд, хеле зуд коргаронашро иваз кардан мегирад ва ё аз кор мемонад, синфхонае, ки қадри муаллимро намедонанд, талабагонаш бесавод тарбият меёбанд, оилае, ки падар қадру қиммат надорад, баъид аст, фарзандони хуб тарбият кунад. Аз инҷост, ки шариат ҳамеша занҳоро таъкид мекунад, то шавҳари худро эҳтиром кунанд, бешак эҳтиром кардани модар сабаб мегардад, фарзандон низ падари худро эҳтиром кунанд, зеро модар улгуи фарзандон аст.

Зани мусалмон пас аз издивоҷ, баъд аз итоати парвардигор, шавҳарашро итоат мекунад. Беиҷозати шавҳар ба ҷойе намеравад, ҳар амале, ки хашми шавҳарро меоварад, аз он даст мекашад. Шариат занҳоро амр мекунад, эҳтироми шавхарони хешро пас аз маргашон низ муддате побарҷо нигоҳ доранд.

Зани мусалмон барои эҳтироми шавҳари фавтидааш чор моҳу даҳ рӯз азо мегирад, тули ин муддат худро аз тамоми зиннат дур мегирад. Ва хонаи шавҳарро тарк намекунад. Ҳадафи асосии азодории зан ин эҳтиром кардани ақди никоҳ, эҳтиром кардани шавҳари фавтида мебошад. Фарқи мову занҳои ғайри мусалмон, хусусан занҳои ғарб аз замин то осмон аст.  Аксари занҳои ғарб ба маҳзи фавти шавҳар аз паи ҷустуҷӯи марди дигар мешаванд, ҳатто шавҳари бемори худро раҳо карда, ба дунболи ҳаёти шахсии худ мераванд, аммо занҳои мусалмон пас аз марги шавҳар низ бояд муддате ҳаққи шавҳарро нигоҳ доранд, чор моҳу даҳ рӯз мотами шаръӣ гиранд.

Зани азодор барои ҳаққи шавҳарашро нигоҳ доштан, никоҳи худро эҳтиром кардан, чор моҳу даҳ рӯз дар хонае, ки бо шавҳараш зиндагӣ дошт, мунтазири идда мегардад. Тӯли муддати азодорӣ онҷоро ба ғайри зарурат тарк намекунад. Дар ин муддат ҳатто фикри издивоҷро намекунад. Пас аз ба охир расидани муддати азорорӣ ба куҷо рафтану бо кӣ зистанро қарор мекунад.

Дар муддати азодорӣ интиқол шудани зан аз хонаи шавҳар ба хонаи дигар гуноҳ аст, магар ин ки сабабҳо ҷиддӣ ба миён ояд, ба мисли офатҳои табӣ ва ё ғорату дӯздӣ ва ё агар иҷора бошад аз хона рондани соҳибхона. Инчунин агар қудрати зан барои иҷорапулӣ нарасад, дар ин ҳолат метавонад аз хонаи шавҳар ба ҷои дигар кӯчад.

Албатта зани азодор барои хариди хонаву зиёрати хешовандон метавонад рӯзона аз хона барояд, аммо ба шарте, ки барои шабхорав набошад.

Дар китоби Муваттаи Молик омадааст, ки вақте зане ба назди Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттоб омада мепурсад, ки ҳамсараш аз дунё рафтаасту дар берун аз шаҳр хонаи дигаре доштааст, оё ба ин зан ҷоиз аст баъзе шабҳо дар он хона хоб кунад? Абдуллоҳ мегӯянд: Барои зан ҷоиз нест дар хонаи дигар хоб кунад, бояд дар хонаи шавҳараш, ки бо ҳам буданд, хоб кунад, аммо рӯзона метавонад ба хонаи дигар равад ва ҳангоми шаб ҳатман баргардад.

Дар ҳадиси дигар омадааст:

Набояд зани талоқ шуда ва шавҳараш фавтида дар хонаи касе хоб кунанд. (Муваттаи Молик)

Вақте мард аз дунё меравад, агар аз худ молеро гузошта рафта бошад, он мол байни ворисонаш мувофиқи шариат тақсим мешавад, саҳми зан дар мерос, агар фарзанд дошта бошад, ҳаштяк, яъне аз ҳашт як қисми моли шавҳараш аст. Агар фарзанд надошта бошад чоряк, яъне аз чаҳор як қисми моли шавҳараш мебошад.

Зани шавҳараш фавтида дар муддати азодорӣ танҳо аз қисмати мероси худ барои зиндагиаш харҷ мекунад. Барои он ки моли шавҳараш танҳо аз они ӯ нест, балки ворисони дигар низ ҳастанд.

Албатта шавҳар дар ҳаёти худ вазифадор аст ба ҳамсараш нафақа кунад, ӯро хӯронидану пӯшонад, ба ҷои зисту шароити хуб муҳайё созад, аммо пас аз марги шавҳар ин воҷибот соқит мегардад. Бо вафот кардани шавҳар зан аз нафақаи шавҳар маҳрум мегардад. 

Ва танҳо моле, ки аз шавҳараш ба ӯ мемонад, ин мероси аз ҳашт қисм якқисм ва ё бефарзанд бошад аз чаҳор қисм як қисми  моли шавҳар ва маҳраш аст. 

Нафақаи рӯзмарраи зан тӯли азодорӣ, хӯрдану нӯшидану пӯшидан аз ҳисоби моли худи зан бояд бошад. Аммо муҳайё сохтан ба ҷои зист, агар ҳомила бошад аз моли шавҳар мешавад, зани шавҳараш фавтида дар хонаи шавҳар азо мегирад, агар иҷора менишаста бошад барои иҷора аз мероси шавҳар харҷ мекунад.

Баъзан шавҳар пас аз маргаш ҳеҷ меросе аз худ намегузорад. Дар ин холат зани азодор дар куҷо ва чӣ гуна иддаи худро мегузаронад? Ба иттифоқи уламо, агар зан барои зиндагиаш моле надошта бошад дар ин ҳолат метавонад ба назди хонаводааш хешу табораш равад ва азодориашро дар хонаи падараш гузаронад.

Хостгорӣ аз зани шавҳараш фавтида

Ба иттифоқи уламо хостгорӣ кардан аз зане, ки ҳанӯз иддааш нагузаштааст, ҷоиз нест. Кушоду равшан хостгорӣ кардан аз зани дар идда буда, ҳаром аст.

Набояд ягон марде аз зани дар идда буда, хостгорӣ кунад ва зан низ набояд ба касе ризоият диҳад ва ё азми издивоҷ кунад Аллоҳ дар Қуръон мегӯяд:

و لا تعزموا عقدة النكاح حتى يبلغ الكتاب اجله

Ва асло азми издивоҷ накунед, то замоне, ки иддаи занҳо ба поён нарасад. (сураи Бақара ояти 235)

Аммо, гуфтани калимаҳои киноявӣ ба хотирӣ хостгорӣ дар оянда ҷоиз аст. Калимаҳое, ки сароҳатан маънои хостгориро намедиҳанд, балки ду паҳлӯ ҳастанд, мисли занҳое мисли шумо асло хор намешаванд ва амсоли ин.

Аллоҳ дар Қуръон мегӯяд:

و لا جناح عليكم فيما عرضتمبه من خطبة النساء

Бо суханҳои киноявӣ аз хостгории худ хабар додани шумо ба занҳои дар идда буда, гуноҳ надорад.(сураи Бақара ояти 135)

Зани азодор дар муддати азодориаш ба хостгории касе ҷавоби мусбат намедиҳад ва ҳатто ишора намекунад, инчунин валии зани азодор. Барои валии зани дар идда буда, ҳаром аст ба касе дар вилояташ бударо ба издивоҷ барорад, ҳатто оиди издивоҷи оянда сӯҳбат кунад. Пас аз интиҳои идда метавонад, зан албатта бо иҷозаи валиаш ба каси дигар ба шавҳар барояд.

Агар зани шавҳараш фавтида, ҳомила бошад то замони ба дунё омадани кӯдак дар хонаи шавҳар бо риоя кардани аҳкоми азодорӣ зиндагӣ мекунад ва албатта дар ин муддат аз ӯ хостгорӣ кардан, ҳаром мебошад.

Вақте кӯдак ба дунё меояд, насаби падарро мегирад, пас аз ба дунё омадани кӯдак, зан ҳақ дорад ба каси дигар ба шавҳар барояд.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *