Categories Хабарҳо

Маконҳои пурасрори табиат (давомаш)

Кӯли Мурда ном маконро, ки дар  Қазоқистон вуҷуд дорад, шунидаед? 

Ин кӯли хурд дар минтақаи Талдыкурғони Қазоқистон аз берун комилан оддӣ ба назар мерасад, аммо ҳатто дар гармтарин ҳавои тобистон он хеле сард боқӣ мемонад. Дар кӯл ҳаёт комилан вуҷуд надорад: дар ин ҷо ягон моҳӣ ёфт намешавад, ҳатто ҳашароти обӣ зиндагӣ намекунанд. Қазоқистонро ҳамаи шумо медонед, ки як кишвари офтобии боғу бӯстонҳост ва ҳастанд биёбонҳои гармиашон тоқатфарсо низ. 

Ва мардум доимо дар ин  кӯл ғарқ мешаванд. Инчунин даҳшатовар аст, ки одамони ғарқшудаи Кӯли Мурда ба рӯи об  намебароянд, балки баръакс, ба қаър ғарқ мешаванд ва дар он ҷо мисли шамъ рост меистанд. Ҳатто ғаввосони касбии дорои таҷҳизот наметавонанд дар оби ин кӯл зиёда аз 5 дақиқа шино кунанд, ё биистанд. Бо ягон сабаби номуайян, онҳо ногаҳон ба гулӯгир шудан шурӯъ мекунанд, гарчанде ки баллонҳояшон ҳанӯз пур аз ҳавост.

Тибқи яке аз гузинаҳо, овозаҳои асроромез бо падидаи гиперсоляризатсияи об ва бактерияҳои бунафш дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, ки сулфиди гидроген доранд, алоқаманд аст. Ҳатто дар миқдори ками он ҳам, он ба психикаи инсон таъсир мерасонад.

Инчунин тахмин вуҷуд дорад, ки дар поёни кӯл шикофе мавҷуд аст, ки аз он гази заҳролуд хориҷ мешавад, ки тамоми мавҷудоти зиндаро мекушад. Аммо, нақшае нест, ки дар Кӯли Мурда дар Қазоқистон олимон тадқиқоти алоҳидаи илмӣ гузаронанд.

Акнун навбати  ҷангали бамбуки сиёҳ расид. Ин ҷангал Хэлчжу ном дораад ва дар кишвари Хитой воқеъ гаштааст. 

Ҳар сол садҳо нафар ба ин ҷангали бамбук ворид мешаванд ва дар онҷо ҳамеша мемонанд. Ва ҳама чиз бидуни осор комилан нопадид мешавад — на осоре, на ҷасаде ва на ашёи шахсӣ. Ҳодисаҳои ҳуҷҷатгузории гумшудаҳо дар ин ҷо аз миёнаи асри гузашта сарчашма мегиранд.

Соли 1950 бе ягон сабаби маълум дар ин ҷо ҳавопаймо суқут кард. Ҷолиби диққат аст, ки дар ҳаавопааймо  ягон айби техникӣ набуд, ҳайати экипаж сигналҳои изтироб надод ва дар бораи ягон ҳолати ғайриоддӣ гузориш надод. Ҳавопаймо ҳамроҳ бо тамоми савораҳояш  фақат нопадид шуд.

Албатта, миёни  сокинони маҳаллӣ ҳар хел овозаҳо дар бораи  ба ҷаҳони параллел ва парадоксҳои замон, ки одамонро аз ҷои холӣ ба воқеияти дигар интиқол медиҳанд, вуҷуд дорад. 

Аммо олимони Академияи илмҳои Чин дар ин ҷо сохтори комилан беназири ҷинсҳои геологиро ошкор карданд ва инчунин баромадани дудҳои марговари заҳрдорро ба қайд гирифтанд, ки маҳсули пусидани баъзе намудҳои дарахтҳост, ки онҷо фаровонанд. Муҳаққиқон инчунин иқлими душвори маҳаллиро бо тағирёбии ғайричашмдошт ва шадиди ҳаво ва радиатсияи қавии геомагнитӣ қайд карданд.

Дар кишвари Шотландия кӯпруке вуҷуд дорад, ки доимо ҳайвонот, хусусан сагҳо аз як ҷойи муайяни он худро ҳаво дода мемиранд. Ин кӯпрук Овертон ном дорад. Оғози чунин ҳодисаҳо хеле қабл буд. Дар соли 1951 як саг бесабаб аз ин пули 15-метра ҷаҳид. Ин як тасодуф ба назар мерасад. Аммо то соли 1955 аллакай чунин сагҳои худкуш зиёда аз 50 аадад буданд, Гузашта аз ин, ҷолиб аст, ки ҳамаи сагҳо барои ҷаҳидан ҳамеша як ҷойро интихоб мекарданд — тарафи рости кӯпрук. 

То ба ҳол, ба ҳисоби миёна моҳе 1 саг аз ин пул ҷаҳида истодааст. Аҷибаш он аст, ки баъзе аз ҳайвоноте, ки пас аз ин кӯшиши худкушӣ тавонистаанд наҷот ёбанд ва дубора ба болои пул барои ҷаҳидан рафтанд. 

Мутахассиси рафтори ҳайвонот Дэвид Секстон муайян кард, ки замин каме поёнтар аз он, ки сагҳо худро ҳаво медиҳанд, бо изу бӯйи  мушҳо ва санҷобакҳо пур шудааст. Бӯйи ин ҳайвонот ба сагҳо ва гурбаҳо таъсири хеле сахт мерасонад. Таҷрибаи гузаронидашудаи  минбаъда танҳо назарияи этологро тасдиқ кард. Вай бӯи ҳайвонотро, ки дар зери купрук зиндагӣ мекарданд, паҳн карда, рафтори сагҳои оддиро мушоҳида кард. Дар натиҷа, аз 30 саг танҳо 2-тоаш, ки биничаи кӯтоҳ доштанд, ором монданд.  Аммо боқимонда, беандеша ба манбаи бӯй давиданд, амалан гӯё  ба афсун афтоданд, ки  ба атроф нанигаристанд ҳам.

Соима Саидӣ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *