Ҳукумати Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ се соли наздик қариб 930 млн. доллар қарзҳои хориҷиро аз худ карданист.
Дар доираи Барномаи қарзҳои берунии хориҷӣ, соли 2020 аз худ кардани 228,14 млн., соли 2021 – 336,48 млн. ва соли 2022 – 365,31 млн.. доллар маблағҳо ба нақша гиифта шудааст.
Мувофиқи барнома, соли равон аз худ кардани қарзҳо дар ҳаҷми 189,8 млн. доллар пешбинӣ шудааст.
Айни замон Барнома аз 60 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 31 созишномаи қарзӣ иборат аст, ки дар марҳилаи лоиҳасозӣ қарор доранд. Маблағи умумии қарзҳои азхудшуда тибқи ин Барнома то 1 январи соли равон 1 млн. 18 млн. долларро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки қарзгир дар ин ҳолатҳо ҳукумат буда, лекин баргардонидани қарз ба дӯши субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ вогузор мегардад.
Ёдрас мекунем, ки ба санаи 1 июли соли 2019 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 894,56 млн. долларро ташкил медиҳад, ки ба 35,9%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии икшвар баробар аст.