Рубрики Хабарҳо

Дар Душанбе ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷараён дорад

Дар Душанбе субҳи имрӯз ҷаласаи васеъи Ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ шуда ва дар ҳоли ҳозир идома дорад. Гутфа мешавад сарвазир Қоҳир расулзода аз фаъолиятҳои ҳукумат дар як соли гузашта гузориш ироа кардааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳур дар ҷаласа роҳбарият ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи раисумҳури Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди раисҷумҳур ва ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда мешаванд.

Имкон дорад дар ин ҷаласа тағйироти кадрӣ ба амал ояд. Дар ҳамин ҳол, тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дар 15 соли охир бинобар аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштани мансабдорон «ҷойивазкунии ҷои ҷамъшавандаҳо» хонда мешавад. Аксари кулли мансабдорони баландпоя хешовандон ё ҳади ақал ҳамшаҳриҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *