Рубрики Хабарҳо

Муҳиддин Кабирӣ ва Аҳмад Масъуд озими Вена шуданд

Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари ин Ҷабҳа барои ширкат дар нишасти Вена, озими Утриш шудааст. 

Дар хабарномаи ин Ҷабҳа омада, ки ин нишаст бар тақвияти эътимодсозӣ миёни ҷараёнҳои мухолифи Толибон тамаркуз хоҳад кард. 

Ин дувумин нишасти чеҳраҳои сиёсии зидди Толибон дар Вена аст. 

Нишасти қаблӣ дар 15 сенябр ба муддати се рӯз, бо ҳадафи гуфтугӯ дар мавриди ояндаи Афғонистон баргузор шуд. 

Дар дувумин нишаст ҳудуди 30 нафар аз чеҳраҳои сиёсӣ ва мадании Афғонистон ҳузур хоҳанд дошт. Институти умури байналмилалии Утриш ин барномаро мизбонӣ мекунад.

Имрӯз дар Вена ҳамчунин нишасти САҲА дар мавриди шиканҷа баргузор хоҳад шуд.

Аз дафтари матбуотии Паймони миллии Тоҷикистон ба “Паём” иттилоъ доданд, ки дар ин нишаст раҳбари ПМТ Муҳиддин Кабирӣ, муовини ӯ Алим Шерзамонов ва раиси департаменти равобити хориҷии ин созмон Маҳмудҷон Файзраҳмонов ширкат ва суханронӣ мекунанд.

Кабирӣ ва Шерзамонов ҳам субҳи имрӯз вориди Вена хоҳанд шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *