Рубрики Хабарҳо

Ба рағми коруно рушди иқтисодии Чин ба оромӣ идома дорад

Чин то ҳадди зиёде бар пандемаи коруно ғалаба кардааст. Иқтисоди Чин ки рӯ ба завол гузошта буд, бори дигар бо шитобии ғайри мунтазир равнақ гирифтааст. Интизор меравад ки ин кишвар 2020-ро бо нишондиҳандаи мусбат ба поён бирасонад.

Дар шароите ки пандемаи коруно иқтисодро дар саросари ҷаҳон фалаҷ карда, Чин бори дигар аз рушди иқтисодӣ хабар додааст. Бино ба гузориши идораи омори Чин ин кишвар дар севуми семоҳаи соли ҷорӣ 4,9 дар сад рушд доштааст. Ин миқдор рушд албатта аз бароварди мутавассити 5,5 дар сад поёнтар аст, аммо дар шароити кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ болоравии қобили таваҷҷуҳе аст.

Тибқи оморҳои расмӣ иқтисоди Чин дар нуҳ моҳи аввали имсол танҳо 0,7 дарсад рушд доштааст. Ҳатто дар се моҳи аввали соли ҷорӣ Чин бо 4,8 дарсад рушди манфӣ поёнтарин мизони рушдро аз соли 1996 то кунун ба сабт расонд. Аммо пеш аз он иқтисод ба рушди оддӣ идома дод.

Чин муваффақ шуд бо вазъи муқарароти шадиде монанди муҳосираи шаҳрҳои милиюнӣ, карантинаҳои сахтгирона маҳдудият барои мусофират густариши вируси ҷадиди коруноро ба суръат маҳор канд. Акнун чандин моҳ аст ки шуъйӯи вирус то ҳади зиёде поён омада, кишвар ба зиндагии оддӣ баргашта ва шоҳиди раванақи нисбӣ дар арсаи иқтисод аст.

Дар се моҳаи дувуми имсол рушти иқтисодӣ ба болои се дар сад расид ва ин раванд дар муқоиса бо соли қабл то 0,9 дар сад боло рафт.

Танҳо иқтисоди пурравнақи ҷаҳон

Иқтисоддонон муътақиданд, Чин танҳо иқтисоди бузурги ҷаҳон аст ки соли ҷориро бо нишондиҳандаи мусбат ба поён хоҳад бурд. Бино ба гузориши сандуқи ҷаҳонӣ иқтисоди Чин зудтар аз он чи гумон мерафт ба ҳолати одӣ баргаштааст. 

Бино ба тахмини Сандуқи байналмилалии пул, Ҷумҳурии халқӣ дар соли 2021  рушди баробар ба 8,2 дарсад хоҳад дошт. Барои Олмон дар соли ҷорӣ рушти манфӣ ба мизони 6 дар сад бароварда шудааст ва дар соли оянда рушде баробари 4,2 дар сад. Дар Амрико имсол иқтисод то 4,3 дарсад уфт дорад ва соли оянда 3,1 дар сад рушди мусбат. 

Чин илова бар ҳимоятҳои калон аз будҷа дар соли ҷорӣ, аз афзоиши содирот низ баҳра бурд. Идораи кумаки Чин ҳафтаи гузашта гузориш дод ки дуввумин иқтисоди бузурги ҷаҳон дар муқоиса бо соли гузашта наздики даҳ дар сад рушди содирот дошта ва мизони воридоти он ҳудуди 13,2 дар сад боло рафтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *