Русҳо чеснок мегӯянд ва тоҷикони баъзе маҳалҳо сирпиёз гуфта шинохтаанд, аммо бештари мардум бо ҳамин номи чеснок хуб мефаҳманд, ки гап дар бораи кадом сабзавот меравад. Ин маҳсулоти бениҳоят муфид аз он ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ҳангоми гармкунӣ ё хушккунӣ он ҳиссаи назарраси ғизоро нигоҳ медорад. Одамон аз замонҳои қадим хосиятҳои онро медонистанд ва ҳоло сирпиёз дар ин ё он шакл ба таомҳои садҳо миллатҳои гуногун дохил карда шудааст.
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамоне, ки ҳар рӯз миқдори муайяне сирпиёз мехӯранд, ба маризиҳои қалбӣ кам гирифтор мешаванд. Дар баъзе кишварҳои Осиё шириние бо номи сирпиёзи сиёҳ вуҷуд дорад. Баъзе археологҳо дар он назаранд, ки сирпиёз дар Мисри қадим дорои аҳаммияти эътиқодӣ ва расмӣ буд, зеро сарҳои хушки мумиёии аз қабри фиръавнҳо ёфтшуда, дар ковокии чашмон сирпиёзи хушккардашуда доштанд.
Сирпиёз антибиотики табиӣ мебошад, ки зиёда аз сад унсурҳои гуногуни химиявиро дар бар мегирад.Мисриёни қадим ҳамеша сирпиёзро ба ғизои шахсони бо меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғулбуда дохил мекарданд. Маънои номи Чикаго аз калимаи ҳиндист, ки сирпиёзи ёбоиро мефаҳмонад. Дар асри 18, ки Аврупоро вабо фаарогирӣ дошт, бо кӯмаки сирпиёзи дар сирко омехташуда мардум тавонистанд, ки хурӯҷи сирояти онро бартараф созанд.
Румиёни қадим боварӣ доштанд, ки хӯрдани сирпиёз ҷасорат, истодагарӣ ва далериро фароҳам меорад. Мардумони миллатҳои гуногун мӯътақид буданд, ки сирпиёз қувваҳои шарру бадхоҳро дур мекунад, бинобар ин дару тирезаҳоро бо гулдонҳои чеснокдошта оро дода буданд. Дар ҳама гуна шакл хоҳ тару тоза, хоҳ хушконидаву кӯфта, он ҳама бактерияҳоро комилан мекушад. Шаҳри Лас Педроньерас, дар Испания, ғайрирасмӣ пойтахти ҷаҳонии сирпиёз мебошад.
Вақте ки эпидемияи зукоми хук дар Чин соли 2009 сар зад, нархи сирпиёз 30-40 маротиба боло рафт, зеро овозаҳо паҳн шуд, ки он барои рафъи ин бемории хатарнок кӯмак мекунад. Одамон сирпиёзро дар асри 3 ҳазорсолаи пеш аз милод кишт мекарданд. Барои гурбаҳо ва сагҳо сирпиёз хатарнок аст. Сарфи назар аз он, ки хосиятҳои фоиданоки сирпиёз аз замонҳои қадим маълуманд, олимон антибиотикҳои табииро дар он танҳо садсолаи қабл кашф карданд.
Дар Ҳиндустони қадим сирпиёз намехӯрданд, аммо он ба сифати растании шифобахш васеъ истифода мешуд. Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия дар се ҷои аввал дар ҷаҳон оид ба истеъмоли сирпиёз ба ҳар сари аҳолӣ қарор доранд. Дар Русия, сирпиёз расман ба рӯйхати растаниҳои доруворӣ шомил карда нашудааст, аммо ҳама дар бораи фоиданокии он медонанд. Дар Фаронса, дар Гаскони, як таоми анъанавии маҳаллӣ мавҷуд аст, ки шӯрбо сирпиёзӣ бо номи турен мебошад. Баландии пояи растанӣ метавонад то 1,5 метр баланд шавад. Расман 26 навъҳои гуногуни сирпиёз дар Русия ба қайд гирифта шудаанд. Селексионерон сирпиёзе ҳам ҳосил карда буданд,ки дандонаҳояш бо парда ҷудо-ҷудо нашуда буданд. Ватани таърихии сирпиёз Осиёи Миёна мебошад. Эҳтимол меравад,ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Узбакистон пайдо шудааст. Баргу гулу самари сирпиёз ҳама хӯрданбобанд. Дар як сари сирпиёз метавонад аз 2 то 50 дандона бошад, вобаста ба навъҳои ин ниҳол.
Соима Саидӣ