Мактаб ба ғор фурӯ хоҳад рафт?
Дар ноҳияи Балҷувон мактаб ба дами ғор меравад, аммо касе аз ин мушкил парво надорад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон дар як ҳолати валангор қарор дорад.
Тавре нашрияи Фараж хабр медиҳад, дар мактаби мазкур 300 хонанда солҳост дар чунин шароити вазин ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо фаро расидани зимистон ва боридани барф мушкилоти таълимгирандагони ин муассиса боз ҳам сангинтар мешавад. Мизу курсӣ, тахтаи синф, дару тиреза ва фаршҳои мактаб ҳама куҳнаю фарсудаанд.
Манбаъи хабар менависад, дар назди бинои муассиса як ғор воқеъ аст, ки рӯз аз рӯз ба мактаб наздик шуда истодааст. Мактаб аз ғор ҳамагӣ 5 метр дур асту халос.
Раҳммоналӣ Додархӯҷаев, зимни таҳияи ин хабар ба нашрияи Фараж аз Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вилоят ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намудааст, ки бояд барои ҳалли вазъи мазкур фавран тадбир андешанд. Зеро зимистон дар куҳистон тӯлониву сардиҳои бештар дорад ва шароити таълим дар ин муассиса ба ягон талабот ҷавобгӯ нест.