11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Раъйгирии бозпурсии Трамп сешанбе анҷом мешавад

Қарор аст кумитаи иттилоотии Маҷлиси намояндагони Иёлот муттаҳидаи Амрико сешанбеи оянда перомуни бозпурсии раисҷумҳури ин кишвар раъйгирӣ кунад. 

Кумитаи бозпурсии Маҷлиси намояндагони Амрико дирӯз якшанбе эълом кард, ки интизор меравад гузориши ин кумита дар бораи шавоҳиди ба даст омада дар ҷаласоти аланӣ барои баррасии бозпурсии Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар, ки ҳудуди ду ҳафта ба тӯл анҷомид, рӯзи сешанбе 3 декабр мунташир шавад. 

Ба гузориши расонаҳои Амрико ба нақл аз мақомоти кумитаи бозпурсии Маҷлиси намояндагони ин кишвар нусхаи ниҳоии гузориши мазкур имрӯз душанбе 2 декабр байни аъзои ин кумита тавзеъ хоҳад шуд. Онҳо ҳам зарфи 24 соат ин гузоришро баррасӣ ва дар бораи он бозхурд хоҳанд дод. Аъзои кумитаи мазкур, ки бисёре аз онҳо демократ ҳастанд, рӯзи сешанбе ташкили ҷаласҳое хоҳанд дод ва эҳтимолан пас аз раъйгирӣ гузориши худро мунташир кунанд. 

Аз сӯи дигар, кумитаи қазоии Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе 4 декабр нахустин ҷаласаи худ барои баррасии бозпурсии Трампро ташкил хоҳад кард ва интизор меравад кумитаи иттилоотӣ низ гузориши худро дар ҳамин рӯз ба кумитаи қазоӣ ирсол кунад. Раъигирии бозпурсии Доналд Трамп эҳтимолан дар моҳи декабр дар маҷмаъи умумии Маҷлиси намояндагони Амрико баргузор шавад. 

Гуфтанист намояндагони демократи Кунгираи Амрико муқаддамоти бозпурсии Трампро фароҳам кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, Трамп дар гуфтугӯи телефонӣ бо Валдимир Зеленский, ҳамтои украинии худ, ки дар 25 июл 2019 анҷом шуд, хостааст мақомоти ин кишвар таҳқиқоте дар мавриди Ҳантер Байден, писари Ҷу Байден анҷом диҳанд. 

Бар асоси гузориши расонаҳои Амрико Трамп ба Зеленский гуфта, ки танҳо дар сурати оғози таҳқиқот дар бораи Байден ва хонаводааш ба Украина кумак хоҳад кард. Трамп низ эълом кард, ки пеш аз ин гуфтугӯ кумаки 400 миллион долларӣ ба Киевро ба ҳолати таълиқ дароварда будааст. 

Кохи сафед авохири моҳи гузашта таҳти фишори намояндагони Кунгира ва расонаҳои амрикоӣ, ки матни гуфтугӯи телефонии раисои ҷумҳури Амрико ва Украинаро мунташир кардаанд, қарор гирифта ва эълом карда, ки ин гуфтугӯ иртиботе бо мавзӯъ кумак ба Украина надоштааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *