Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳои дорои сусттарин интернет

Тоҷикистон дар феҳристи навшудаи Speedtest Global Index дар радаи 132-вум ҷой дода шуд.

Хидматрасонии интернетии Speedtest.net, ки ширкати Ookla соҳиби он аст, феҳристи моҳи октябри суръати интернетро мунташир кард.

Тоҷикистон бо суръати боргирии 10.81 мб/сония ва боргузории 5.69 мб/сонияи интернети бесим дар миёни 141 кишвар, дар радаи  132-ҷой гирифт.

Ҳамин тавр Тоҷикистон дар муқойиса бо моҳи гузашта ҷойи худро дар феҳрист се рада беҳтар кард.

Аз лиҳози суръати интернети симӣ низ Тоҷикистон се рада болотар рафт. Бо суръати боргирии 21.10 мб/сония ва боргузории 21.55 мб/сония Тоҷикистон радаи 108-умро касб кард.

Аз кишварҳои ИДМ  Қазоқистон дар радаи 99, Русия дар радаи 91, Қирғизистон дар 106 ва Ӯзбекистон дар 136-ум ҷой гирифтанд.

Бар асоси гузориши моҳи январи соли гузаштаи Агентии бозорёбии We Are Social ва Hootsuite дар Тоҷикистон дастрасии мардум ба интернет 33 дарсад аст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар Туркманистон дастрасӣ ба интернет бадтар аз Тоҷикистон буда, 18 дарсади мардуми туркман ба интернет дастрасӣ доранд.

Дар зимн, бар асоси пажӯҳиши Internet Live Stats 19 дарсади мардуми Тоҷикистон корбарони интернет мебошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *