Рубрики Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолияти панҷсолаи ҳизбаш ҳисобот медиҳад

Дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и пойтахт рӯзи 13 декабр анҷумани 13-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон доир мегардад. 

Дар анҷуман бо иштироки беш аз 2 ҳазор нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва аз фаъолияти ҳизб тайи панҷ соли охир натиҷагирӣ мекунад.

Дар анҷуман ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, раёсат ва дигар мақомоти марказии ҳизб тасдиқ мешавад.

Дар кори анҷуман ба масъалаи омодагӣ ба маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 1 марти соли оянда таъин шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар анҷуман рӯйхати номзадҳои ҲХДТ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ эълон мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *