Таҷрибаи “муваффақ”-и мауомот дар Исфара, аниқтараш Воруху Чоркӯҳ дар истифодаи усули нави ҷалби ҷавонон ба артиш аз як тараф ва ришваситонӣ аз тарафи дигар, боис шудааст мақомот онро ба манотиқи дигар интиқол диҳанд. Аз навоҳии вилояти Хатлон ҳам шикоятҳо дар бораи боздошти падару модарон ба хотири баргардонидани писаронашон аз муҳоҷират расида истодаанд.
Имсол аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ “облава”-и ҷавонон барои хидмати ҳарбӣ шурӯъ шуд. Чанде пеш хабар дода будем, ки дар ноҳияи Исфара падару модари ҷавонони лоиқи хидмати ҳарбиро маҷбур карда истодаанд, ки бо фарзандонашон тамос гирифта, талаб кунанд, то аз Русия ба Тоҷикистон омада, ба хидмати ҳарбӣ раванд. Мақомот волидонеро, ки фарзандонашон дар синни хидмати ҳарбӣ ҳастанду дар Русия кор мекунанд, таҳдид ба ҷаримаву ҳабс карда буданд.
Ин зургӯии мақомот воқеан натиҷа дод, даҳҳо нафар ҷавонони исфарагӣ ба хотири он ки мақомот падару модарашонро ранҷ надиҳад, аз Русия кору бори худро раҳо карда, билет харида ба Тоҷикистон рафтанд ва онҳоро мақомот ба хидмати ҳарбӣ гуселонид.
Чанде пеш ба мо аз фурӯдгоҳ дар яке аз шаҳрҳои Русия як ҷавони ворӯхӣ навишта, гуфта буд, ки феълан ба Хучанд парвоз мекунад ва намехоҳад, ба хотири ӯ волидонашро мақомот ранҷу азоб диҳанд.
Мақомот чун диданд, ин тачриба кор дод, ҳоло дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба падару модарони ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ фишор оварда истодаанд, ки фарзандони худро аз Русия бозхонанд ва ба хидмати ҳарбӣ гуселонанд.
Дирӯз як ҷавон, зодаи ноҳияи Кушониён аз Русия бо Паём тамос гирифта гуфт, падарашро мақомот фишор овардаанд, ки то ӯ ба Тоҷикистон баргашта ба хидмати ҳарбӣ равад.
Ин ҷавон мегӯяд мақомот аз падараш талаб кардаанд ё ъро аз Русия ба кишвар баргардонида ба хидмати ҳарбӣ фиристад, ё 10 000 ришва пардохт кунад.