Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ айбномаи рӯзноманигор Далер Шарифовро бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон фиристодааст.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” адвокатҳо Абдураҳмон Шарифов и Гулгуна Шозодаева иттилоъ доданд, ки барои ҳимояи Далер аз ҷониби ТҶ “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” таъмин шудаанд.
Ҳимоятгарон гуфтанд “Аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба рӯзноманигор Далер Шарифов рӯзи 27-уми март айбномаи ниҳоӣ бо моддаи 189 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) пешниҳод шуд. Шиносоӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ гузаронида шуда, тафтишот ба анҷом расид. Парвандаи ҷиноятӣ бо хулосаи айбдоркунӣ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои омӯзишу тасдиқ ва ирсоли минбаъда ба суд фиристода шуд”.
Ба қавли адвокатҳо, онҳо дар баррасии додгоҳӣ иштирок карда, ҳуқуқи Далер Шарифовро ҳимоя мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 30-юми январи соли равон бо суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба муҳлати 2 моҳ ҳабс шуд.
рӯзи 1-уми феврал дар робита ба қазияи Далер Шарифов изҳороте мунташир кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд… 28 январи соли 2020 нисбат ба номбурда бо аломатҳои қисми 1-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид”.
Ба ӯ ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат .
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистон 3-юми феврал бо нашри як изҳорот, ки зераш 8 созмону 37 журналист имзо гузоштанд, дар робита ба боздошти Далер Шарифов баён карданд. Дар он аз мақомоти Тоҷикистон даъват гардида буд, ки чораи пешгирӣ ба ғайриҳабсӣ иваз карда шавад ва таҳқиқот воқеъбинона бо риояи бечунучарои тамоми кафолатҳои озодии баён мутобиқ ба стандартҳои байнулмилалӣ гузаронда шавад.
Ҳамчунин намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО шоми 3-юми феврал бо нашри як аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо карда буд: “Ман ба мақомоти Тоҷикистон навиштам, ки фавран журналист Далер Шарифовро озод кунанд. Воситаҳои ахбори омма бояд бидуни тарси интиқом имкони таҳқиқу нашр, аз ҷумла, дар Интернет дошта бошанд”.
– Афви Байнулмилал, Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, Дидбони Ҳуқуқи Башар низ хостори озодии Далер Шарифов шуданд.