Рубрики Хабарҳо

Дарёфткунии шаҳрвандии Русия боз осонтар шуд

Минбаъд мутахассисони хориҷӣ  баъд аз як соли кору зиндагӣ бар асоси қонуни нави федеролии Русия, метавонанд соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд. 

Пештар мутахассисони хориҷӣ давоми се сол дар Русия зиста, аввал соҳиби санади “РВП” муҷаввизи иқомаи муваққатӣ  ва баъдан “ВНЖ” муҷаввизи иқома мешуданд. Дар ин қонуни нав, ки аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин имзо шуд ва рӯзи 2-юми октябр ба иҷро даромад, гуфта мешавад, тақдими шаҳрвандӣ ба мутахассисони хориҷӣ дар замони кӯтоҳ “гарави рушди иқтисодии кишвар мебошад”. 

Вижагии қонуни нав ин аст, ки муаллифонаш унвони ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори Русияро аз 74 то 135 афзоиш додаанд. Аз ҷумла, мақомоти Русия мегӯянд, ба пизишки дандон, духтури чашм, асабшинос, ҷарроҳ, равонпизишки кӯдакон, шикастабанд ва ғайраҳо эҳтиёҷ доранд. Дар феҳраст инчунин унвони касбу ихтисосҳо дар бахши кишоварзӣ, фанновариҳо, саноат, журналистика ва ғайра илова шудааст.

Гуфта мешавад ин феҳрасти ихтисосҳоро  Вазорати меҳнати Русия бо назардошти эҳтиёҷоти бозори кори ин кишвар таҳия кардааст. 

Русия бо 146 миллион аҳолӣ дорад ва бо мушкилоти шадиди демографӣ рӯ ба рӯст.  Ҷалби муҳоҷирон метавонад як роҳи ҳалли ин бӯҳрон гардад. Мутахассисони рус мегӯянд, мизони таваллуд дар кишвар кам ва суръати маргу мир зиёд аст.

Муаллифони қонуни нав таъкид мекунанд, ки ҳамзамон Русия манфиатдори ҷалби “одамони баландихтисос” аст. Ба ин гурӯҳ муҳоҷирони соҳибдиплом, забондон, содиқ ба фарҳангу арзишҳои ин кишвар ва омодаи муҳоҷират бо хонаводаашон мувофиқат мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *