Рубрики Хабарҳо

Маҷлиси Туркия лоиҳаи тамдиди муҷаввизи амалиёти беруни марзиро тасвиб кард

Маҷлиси Туркия дар нишасти маҷмаъи умумии ин ниҳод лоиҳаи ироашуда аз сӯии давлат дар бораи тамдиди як сола муҷаввизи амалиёти артиши кишвар дар Ироқ ва Сурияро тасвиб кард. 

Бар ин асос, иҷозаи эътошуда ба раисҷумҳури Туркия дар хусуси амалиёти берунмарзии артиши кишвар дар Ироқ ва Сурия барои муддати як соли дигар тамдид шуд. 

Дар ин лоиҳа, ки бо имзои Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳур Туркия ба маҷлиси ироа шуда буд, омадааст: Хатарот ва таҳдидот алайҳи амнияти миллии кишвар ношӣ аз таҳаввулот ва даргириҳои мустамар дар манотиқи марзӣ дар ҷануби Туркия ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст. 

Ҳамчунин дар ин лоиҳаи тасреҳ шудааст: Туркия ба ҳифзи тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи кишвари ҳамсояи Ироқ аҳамияти зиёде медиҳад. Аз тарафи дигар, вуҷуди аносири гурӯҳҳои террористии ПКК ва Доъиш дар Ироқ ва вуҷуди тарҳҳои мубтанӣ бар таҷзияталабии қавмӣ, таҳдиди мустақиме барои сулҳи минтақа, субот ва амнияти кишвар мо аст. Гурӯҳҳои террористии ПКК, ПЙД. ИПГ, Доъиш ва ҳамчунин соири гурӯҳҳои террористии фаъол дар Сурия низ ба иқдомоти худ алайҳи кишварамон ҳамчунон идома медиҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *