Комиссияи махсуси назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон сатҳи донистани забони давлатиро аз вакилони ояндаи палатаи поёнии парлумон месанҷад.
Комиссияи иборат аз забоншиносони маъруфи тоҷикро ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори раисҷумҳур дар парлумони кишвар Зариф Ализода роҳбарӣ мекунад.
Номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ва аъзои палатаи болоии парлумон пас аз панҷ рӯзи додани ариза барои бақайдгирӣ дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисон дар муддати як соат бояд ба забони давлатӣ тарҷумаи ҳоли худро нависанд, на камтар аз як саҳифа матни пешниҳодшударо хонанд ва дар суҳбат бо забони тоҷикӣ имкону малакаҳои худро нишон диҳанд.
Тавре хабаргузории Азия плюс бо такя ба манбааш дар ин бора хабар медиҳад, дар бораи Конститутсияи ҶТ, қаҳрамонони Тоҷикистон, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ва дигар мавзӯъҳо ҳамчунин суҳбат гузаронида мешавад.
Гуфтанист, аз соли 2015 сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад. Ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисҳои вилоят ва шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин ҷамоатҳо аз чунин санҷиш мегузаранд.
Агар номзад ба вакилӣ аз санҷиш нагузарад, бақайдгирии ӯ рад мешавад.