Муҳоҷирони тоҷик тақрибан 27,5% шумори умумии муҳоҷирон дар Маскавро ташкил медиҳанд. Тибқи иттилоъи ТАСС бо истинод ба додаҳои системаи автоматикунонидаи ҳисоботи таҳлилии Системаи давлатии иттилоотии бақайдгирии муҳоҷират, шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин шаҳр ҳудуди 191 ҳазор нафар будааст.
Ин сестема танҳо онҳоеро ҳисоб мекунад, ки ҳамчун муҳоҷири корӣ сабтином шуда ва патент гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, шумори тоҷикон дар Маскав ҳудуди 800 ҳазор нафар тахмин зада мешавад.
Бақайдгирии наздики 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар пойтахти Русия дар ҳолест, ки шумори муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳр дар соли 2022 ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтаанд. Бештари муҳоҷирони кории Маскав шаҳрвандони Узбекистон Тоҷикистонанд, ки дар якҷоягӣ қариб 61 дарсади шумори муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳрро ташкил медиҳанд.
Шаҳрвандони Узбекистон дар пойтахти Русия каме бештар аз 231 ҳазор ҳисоб шудаанд, ки 33,4% аз ҳисоби умумирот ба худ ихтисос додаанд..
Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ дода, ки соли гузашта шумори шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав 26,1% (беш аз 754 ҳазор) камтар шудааст.
Аксари шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар минтақа қарор доранд, ба Русия бидуни раводид (қариб 693 ҳазор ё 91,9%) омадаанд.
Аммо дар ин замина теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан 50% афзоиш ёфтааст.
Соли гузашта 106 ҷинояти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 214,8 ҳазор қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 47,1 фоиз зиёд мебошад.
Вуруди беш аз 48 000 шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар манъ шуда, беш аз 33 000 қарори ихроҷи маъмурӣ қабул шудааст.