Бонки содироту воридоти Чин қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад. 41 дарсади қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин бонк аст, ки беш аз 1,2 миллиардро ташкил медиҳад. Бо ин ҳисоб ҳар тоҷикистонӣ, бо шумули навзодон ва мӯйсафеду кампирҳо аз ин бонки чинӣ ҳудуди 135 доллар қарздор аст. Агар хонаводаи шумо аз 6 нафар иборат аст, шумо ба Эксимбонки Чин беш аз 800 доллар қарздор ҳастед.
Ҳукумат ният дорад дар се соли оянда боз бештар аз 1 млрди дигар қарз гирад, ки ҳади ақал 350 миллиони он аз ин бонки чинӣ хоҳад буд. Яъне дар се соли оянда қарзи хонаводаи шумо назди ин бонк аз марзи 1000 доллар убур мекунад. Агар ба хонаводаатон дар ин муддат як нафар ҳамроҳ шуд, қарзатон 1200 доллар мешавад.
Агар падару модари мӯйсафед доред, пас қарзи шумо назди чиниҳо беш аз 1500 доллар хоҳад буд.
Қарздиҳандаи дуввуми Тоҷикистон Бонки Ҷаҳонӣ аст, 11 дарсади қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ё ҳудуди 350 миллион доллари он, ба ин бонк таъаллуқ дорад. Ҳар тоҷикистонӣ аз ин бонк ҳудуди 40 доллар қарздор аст.
Қисми аъзами қарзи Тоҷикистон назди ин бонк аз сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Чанок ба вуҷуд омадааст. Ин роҳ аз тарафи Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон пулакӣ карда шудааст, ки даромади софи солонааш беш аз 100 миллионро ташкил медиҳад. Аммо як тини ин даромад ҳам барои пардохти қарзи Чин масраф намешавад – ин маблағҳо ба ҳисобҳои офшории Ҷамолиддин ва Озода фиристода мешаванд. Дар 10 сол духтару домоди раисҷумҳур аз ин роҳ беш аз як миллиард доллар фоидаи соф гирифтаанд. Агар пули даромад аз истифодаи роҳи пулакӣ барои пардохти қарзи кишвар масраф мешуд, на танҳо хароҷоти сохтмони он аллакай пӯшида мешуд, балки қарзи кишвар аз Эксимбонк вуҷуд намедошт. Яъне шумо ҳоло 800 доллар аз ин бонк қарздор набудед.
Ҳамчунин Ҷамолиддин Нуралиев аз фурӯши шиносномаҳои дохиливу хориҷӣ, ивази асъор, бонки Спитамен ва чандин “бизнес”-и дигар миллионҳо доллар даромад гирифта, ба офшорҳо мефиристад. Шояд танҳо пулҳои дуздидаи ин домод кофӣ бошад, ки тамоми қарзҳои Тоҷикистон пардохт крада шавад.
Домоди дигар Шамсулло Соҳибов ҳам аз Ҷамолиддин камӣ надорад. Ӯ низ даҳҳо соҳаро монополия карда – сар аз ҳуҷҷати ронандагиву маълумотномаи тиббӣ то шираи камолу қочоқи маводи сӯхт, солона садҳо миллиони мардумро ғорат мекунад ва ба офшор мефиристад. Домодҳои дигар низ мекӯшанд аз ин ду ақаб намонанд.
Ҳоло Ҷамолиддин Нуралиев интиқоли пулро монополия карда истодааст. Қаблан бо ибтикори ӯ Боки миллӣ тасмим гирифт асъори аз хориҷ интиқолшавандаи муҳоҷиронро бо пули миллӣ пардохт намояд, аммо бо қурби хеле поёнтар аз бозор ва ҳатто бонкҳо. Тибқи ҳисоби нашрияи маъруфи The Insider, аз ин кор Нуралиев солона ҳудуди 200 миллион доллар даромад хоҳад гирифт. Аз худи интиқоли пул 30-40 миллион доллар.
Дар се соли оянда, ки ҳукумат қасд дорад беш аз 1 миллиард доллар қарз гирад, домоди раисҷумҳур танҳо аз пулҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирон беш аз 700 миллион доллар фоида ба даст меорад. Бо даромадаш аз роҳи пулакӣ, он ба 1 миллиард доллар мерасад. Яъне баробар ба қарзе, ки ҳукумат мехоҳад гирад. Ва ин даромади танҳо 2 бизнеси домодтӯра аст.
Ҳамин миқдор фоидаро Шамсулло Соҳибов аз даҳҳо бизнеси монополиякардааш ба даст меорад.
Ғайр аз Ҷамолиддину Шамсулло Эмомалӣ Раҳмон 5 домоди дигар дорад, ки ҳар кадоме чанд моҳаро монополия кардаанд. Барои мисол воридоти тамоми маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум, сар аз орду равған то гӯшти мурғу шакар монополияи домодҳост.
Шумо то ҳол фикр мекунед сатҳи пасти зиндагиатон аз таъсири ҷанги шаҳрвандии 27 сол қабл ва бӯҳрони ҷаҳонист?