Юрий Московский, узви Шӯрои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон барои то ба 30 рӯз афзоиш додани муҳлати иқомати бидуни сабти номи шаҳрвандони ин кишвар мухолифат кард.
Тавре хабаргузории Спутник иттилоъ додааст, Юрий Московский бо ишора ба дархости ахири Қоҳири Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аз давлати Русия барои тамдиди муҳлати иқомати бидуни сабт номи шаҳрвандони ин кишвар аз 10 рӯзи феълӣ ба 30 рӯз гуфтааст, ки ниёзе ба ин кор вуҷуд надорад.
“Аксари коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ медонанд, ки муддати 10 рӯз барои сабти ном дар Русия кифоят мекунад ва дар сурати ниёз метавон мавзӯи афзоиши ин замонро то ду ҳафта баррасӣ кард. Московский гуфтааст, агар қарор бошад, ба коргарони муҳоҷири тоҷик имтиёзи афзоиши замони иқомати бидуни сабти ном эъто гардад, пас ин муқарраротро барои коргарони муҳоҷири дигар кишварҳо низ бояд раво дид”. — Изҳор намудааст Юрий Московский.
Ба гуфтаи Юрий Московский, Тоҷикистон бо пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё метавонад заминаи аз байн бурдани ин маҳдудиятҳоро дар қаламрави Русия барои коргарони муҳоҷири хеш фароҳам созад ва сабаб шавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, бавижа коргарони муҳоҷири тоҷик низ ҳамонанди шаҳрвандони Беларусия, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон аз имтиёзи ҳаракати бидуни маҳдудият дар қаламрави Русия ва ёфтани кори муносиб дар саросари ин кишвар бархурдор шаванд.