Номи пуррааш Абдуллоҳ ибни Зубайр ибни Авом ибни Хувайлид ибни Асад ибни Абдулузо Қурайшии Асадӣ мебошад.
Соҳиби насаби пок ва шарофатманду асилест. Падараш, Зубайр ибни Авом аз саҳобагони Паёмбар (Дуруд бар равони поки он ҳазрат) ва яке аз даҳ нафарест, ки муждаи ҷаннат ба эшон дода шудааст. Ҳамроҳи Алӣ ибни Абитолиб (Худо розӣ бошад) дар як сол таваллуд шуда, дар як сол исломро қабул карданд. Исломи эшон баъд аз исломи Абӯбакри сиддиқ буд. Зубайр аввалин шахсест, ки дар роҳи Худо шамшер аз ғилоф баркашидааст. Барои барҳам додани ширку хурофотпарастиҳои мардуми замонаш, дар набардҳои пайдарпай ширкат варзидааст ва бо мушрикону душманони ашаддии дини мубин ҳамеша мубориза бурдааст. Паёмбари Худо (дуруд бар равонашон) дар мавриди ӯ мефармояд: «Ҳар оина барои ҳар паёмбаре ҳаворӣ аст ва ҳавории ман Зубайр аст». Худи Зубайр (Аллоҳ розӣ бошад) аз ин сухани Паёмбари Акрам (дуруд бар равони покашон ва бар равони олу асҳобашон) бениҳоят шод мегашту ифтихор ҳам дошт.
Модараш Асмоа бинти Абубакр (розӣ бодо Худованд) қабл аз ҳиҷрат таваллуд шуда, нафари 18-ум дар қабули ислом ва мусалмон шудан аст ва он ҳангом 14 сол дошт. Муаррихин мегӯянд: Асмоа 27 сол қабл аз ҳиҷрати Расули Акрам (дуруд бар равонашон) таваллуд шуда, дар омода намудани шароит барои ҳиҷрати Паёмбар (дуруди Худо нисорашон) нақши муҳим бозида, ҳаёти худро дар хатар гузоштааст. Ӯ Паёмбарро (дуруди Худо бодо) бо таому шарбат дар ғор таъмин менамуд. Чун ҳангоми хориҷ шудани Муҳаммади Паёмбар (дуруд бар равони покашон) ҳамроҳи Абубакр (Худо розӣ бошад) аз ғор барояшон ғизо омода намуд ва миёнбанди худро ду пора карда, дар яке таом, дар дигаре шарбати он Ҳазрат (дуруд бар равонашон)-ро бубаст, аз ҳамон ҷост, ки онро соҳиби “Нитоқайн” меноманд. Дар ривояти дигар як миёнбандро барои таому шарбати он Ҳазрат (дуруд бар равонашон) истифода мекард ва дигареро барои худ мегузошт. Он вақтҳо миёнбанд ба сифати як ҷузвдоне шояд буд, ки таомро дар он муҷаҳҳаз мекарданду муҳкам мегузоштанд.
Бобои Абдуллоҳ ибни Зубайр халифаи аввали Паёмбар (дуруд бар равонашон) Абубакри Сиддиқ (Худо розӣ бод) буд, ки Паёмбар (дуруд бар равонашон ) гуфтаанд: «Агар халиле барои худ ихтиёр мекардам, ҳар оина Абубакрро халил мегирифтам». «Халил» охирин ва баландтарин дараҷаи дӯстиву рафоқат аст.
Бибияш Сафия бинти Абдулмутталиб аммаи Паёмбар (дуруди Худованд нисори олу асҳобашон) аз қадим исломро қабул карда, бо Расули Худо (дуруд бар равонашон) байъат намуда, ба Мадина ҳиҷрат кард. Аммаи ӯ уммулмӯъминин Хадиҷа бинти Хувайлид, зани некӯкорест, ки Паёмбар (дуруд бар равонашон) ӯро беҳтарини занҳои ҷаннат ва олам хондаанд. Холаи ӯ Ҳумайро, ҳамсари Паёмбар (Дуруд бар равонашон) уммулмӯъминин Оиша бинти Абӯбакри Сиддиқ аст, ки Паёмбар (дуруд бар равонашон) фармудаанд: «Оё розӣ намешавед, ки ҳамсари ман дар ҷаннат бошад». Ба ҳамин андоза Абдуллоҳ ибни Зубайр аз насаби тоҳир, асил ва асли он пок аст.
Ҳангоме, ки Паёмбар (дуруд бар равонашон) аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуд, Зубайр ва ҳамсари ӯ Асмоа бинти Абӯбакр (розӣ бошад Худованд) дар Макка буданд. Асмоа ҳомила буд ва тақдири илоҳӣ буда, ки ӯ бо ин ҷанини дар раҳм будааш ба Мадина ҳиҷрат намуд. Ҳиҷрати Асмоа ба Мадина дар охирин моҳи бордориаш сурат гирифт ва ин ҷанини муборак соҳиби шарафу каромате гардид, ки кас нагардида буд. Ин ҷанини муборак ғаму андӯҳ ширинию талхии ҳиҷратро ҳамроҳи модар худ кашид. Чун Асмоа ба «Қубо» расида буду нахлистонҳои Мадина намоён шуда буд, дарди зоймони аввалин тифли муҳоҷирин ба ӯ расид. Абдуллоҳ аввалин тифлест дар ҳиҷрати пуршарафи мусалмонон ба Мадинаи мунаввара.
Таваллуд шудани Абдуллоҳ мисли дигар тифлони оддӣ набуд, балки вилодат ва пирӯзии мусалмонону ислом буд.
Ҳангоме, ки муҳоҷирон ба хоки поки Мадина қадам ниҳоданд, яҳудиён ба ғаму андӯҳ мубтало гашта, пайи ангехтани фитнаву дасиса бар зидди мусалмонон шуданд.
Онҳо миёни мардум дар Мадина овоза паҳн карданд, ки коҳинонашон муҳоҷиронро сеҳр кардаанд ва онҳо дар Мадина соҳиби фарзанд намешаванд. Муҳоҷирин инро шунида, хеле ғамгин шуданд. Чун Абдуллоҳ ибни Зубайр (розӣ бошад Худованд) таваллуд шуд, дурӯғу бӯҳтони онҳо ошкор шуд, мусалмонон хеле хушнуд шуданд ва ҳамдигарро таҳният гуфтанд. Пас ба дунё омадани Абдуллоҳ ибни Зубайр (Худо розӣ бод) аввалин навиде дар аввалин рӯйёрӯии мусалмонон бо душманон дар Мадина буд.
Абӯбакри (розӣ бодо Худованд ) шитобон назди набераи аввалинаш омад, то ӯро бо чашмони худ бинад. Абӯбакр (розӣ бод Худо) ӯро бо ду дасти худ бардошта, ба гӯши росташ азону дар чашмаш иқомат хонд. Модари тифл бошад ӯро гирифта, назди Паёмбар (дуруд бар равонашон) бурд. Асмоа мегӯяд: Баъд аз он ӯро назди Расулуллоҳ (дуруди Худованд нисорашон бошад) бурда, дар бағалашон гузоштам ва он Ҳазрат (дуруд бар равонашон) хурмоеро хоида ба даҳони тифлам гузоштанд ва аввалин чизе, ки ба даруни ӯ рафт, ин луоби Паёмбар буд (бар равони покашон дуруд).
Оишаи Сиддиқа (Худо розӣ бошад) мегӯяд: баъд аз анҷоми ин кор Паёмбар (дуруд бар равонашон) барояш дуо карда, ӯро Абдуллоҳ номид. Ибни Зубайр (р) аз хурдсолӣ суханвару забондони шинохтае буд. Рӯзе Ибни Зубайр (р) бо кӯдакони ҳамсинни худ дар кӯча бозӣ мекард ва ин ҳангом амирулмӯъминин Умар ибни Хаттоб (р) аз кӯча мегузашт, чун ҳайбат ва виқор дошт, кӯдакон гурехта, пинҳон шуданд, аммо Абдуллоҳ ибни Зубайр аз ҷояш наҷунбид.
Умар (р) гуфт: Барои чӣ ҳамроҳи хурдсолон пинҳон нашудӣ?
Абдуллоҳ гуфт: Эй амиралмӯъминин, ҷурме содир накардам, то аз шумо тарсам ва роҳ танг набуд, ки онро бароят фарох созам.
Умар (р) аз сухандонии ин хурдсол дар тааҷҷуб монд.
Ибодат ва парҳезкорӣ
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) шахси обиду зоҳид ва пойбанд ба Қуръону суннат буд. Ва дар ибодату парҳезкорӣ ҳамтое надошт. Ӯро кабутари масҷид мегуфтанд.
Модараш мегӯяд: Ба хонаи Абдуллоҳ дохил шудам дар ҳоле, ки ӯ намоз мехонд. Пас море аз сақфи хона ба поён афтида, дар шиками писараш, ки хоб буд печид. Аҳли байт ҳама доду фиғон бардоштанд. Мор, мор, то ин ки онро куштанд ва Абдуллоҳ бошад ба намози худ идома додан гирифт ва илтифоте накард ва саросема ҳам нашуд. Чун аз намоз фориғ шуд, гуфт: Ба шумо чӣ шуд?
Ҳамсараш гуфт: То кадом андоза нисбати писарат беэътиборӣ?
Абдуллоҳ гуфт: Вой бар ту! Як нигоҳ ва бе таваҷҷӯҳӣ намози маро фосид мекард. Ибни Динор гуфтааст: Касеро ҷуз Абдуллоҳ ибни Зубайр надидам, ки намозашро некӯ гузорад. Ӯ дар намоз мисли шохи дарахтест, ки бод
ба он мевазад. Муҷоҳид гуфта: Ибни Зубайр (р) чун ба намоз меистод аз фурӯтанӣ мисли чуб буд.
Умар ибни Абдулазиз рӯзе ба Ибни Абимолика гуфт: Абдуллоҳ ибни Зубайр (р)-ро ба мо васф кун. Ибни Абимолика гуфт: Савганд ба Худо, касе мисли ӯ набуд. Чун ба намоз дохил мешуд аз ҳама чиз фориғ мешуд. Чун ба рукуъ ё суҷуд мерафт, гунҷишкакон дар пушту китфи ӯ менишастанд, аз тӯлии рукӯъ ва суҷудаш ӯро деворе мепиндоштанд.
Ибни Аббос, ки яке аз наздикони ӯ буд мегӯяд: Ӯ ҳофизи китоби Худо буду пайрави Паёмбар (дуруд бар равонашон). Аз тарси Худо рӯзҳои гарми тобистон рӯза мегирифт.
Соима Саидӣ