Олмон мегӯяд қасд дорад то соли 2025 қавитарин ва муҷаҳҳазтарин лашкари артиши худро дар миёни муттаҳидони аврупоии паймони Атлантики шимолӣ, НАТО ташкил диҳад.
Алфонс Майс, раиси ситоди кулли артиши Олмон ба Рейтерз гуфт, ки кишвараш ният дорад муҷаҳҳазтарин лашкарро дар миёни муттаҳидони аврупоии НАТО дар соли 2025 дошта бошад.
Ин дар ҳолест, ки ағлаби кишварҳои узви НАТО дар пайи таҳоҷуми Русия ба Укроин дар талош барои таҷҳизи нерӯҳои худ ҳастанд.
Дар ҳоли ҳозир, Берлин як лашкари комили омода ба разм, воҳиде бо беш аз 20 ҳазор сарбози муҷаҳҳаз ва омӯзишдидаро дар ихтиёр дорад.
Ҳадафи ин кишвар омодасозии нахустин лашкари муҷаҳҳаз ва омода ба разм аз се лашкари комил дар назар гирифта шуда барои мушорикат дар амалиёти НАТО то соли 2025 аст; Дувумин лашкар аз ин маҷмӯа низ ба гуфтаи мақомоти олмонӣ то соли 2027 омода ва таҷҳиз хоҳад шуд.
Алфонс Майс дар гуфтугӯ бо Рейтерз, ки рӯзи душанбе мунташир шуд ибрози хушбинӣ кард, ки нахустин воҳиди низомии муҷаҳҳаз ва омодаи разми кишвараш барои мушорикат дар амалиёти НАТО то соли 2025 такмил шавад.
Вай афзуд: ин воҳид дар ибтидо 80 то 90 дарсад афсару сарбози мавриди ниёзро дар ихтиёр хоҳад дошт ва Олмон дар хусуси ҷузъиёти комил омодасозии се воҳиди низомии муҷаҳҳаз ва қавӣ бо НАТО ба тавофуқ расидааст.
Фармондеҳи ситоди кулли артиши Олмон ёдовар шуд, ки кишвараш ибтидо ду тайпи (бригада) механизатсионӣ ва сипас як тайпи мутавассити муҷаҳҳаз ба силоҳҳои сабукро омода мекунад, ки бо як тайпи ҳоландӣ тақвият хоҳад шуд. Як тайп воҳиди низомӣ аст, ки ҳудуди 5 ҳазор нерӯро дар худ ҷой медиҳад.
Вай афзуд: ин пружа ҳадафи муштарак бо шарикии Ҳоланд аст ва ба андозаи кофӣ барои ташкили беҳтарин ва муҷаҳҳазтарин артиши аврупоии НАТО дар соли 2025 кофӣ хоҳад буд.
Ағлаби кишварҳои ғарбии узви НАТО пас аз даҳаҳо мушорикат дар ҷангҳои Ироқ ё Афғонистон дар пайи бозсозии нерӯҳои низомии худ ҳастанд, ки аз назари таҷҳиз ба силоҳ ва муҳиммот тазъиф шудаанд.
Раиси Ситоди кулли артиши Олмон таъмини муҳиммоти кофӣ барои нахустин лашкари муҷаҳҳази кишвараш то соли 2025-ро дар ҳоле ки кишварҳои ғарбӣ миқдори зиёде хумпора ва муҳиммот ба Укроин мефиристанд ҳадафи баландпарвозона хонд.
Алфонс Майс дар ин хусус тасреҳ кард “вақте муҳиммот ба Укроин мерасонем, то замоне, ки дастури ҷадиди содир нашуд наметавонем ин муҳиммотро дар ихтиёр дошта бошем; Шумо наметавонед муҳиммотро аз фурӯшгоҳи силоҳ харидорӣ кунед; Зарфиятҳои тавлиди (муҳиммот) дар тӯли 30 соли гузашта коҳиш ёфтааст.”
Фармондеҳи артиши Олмон сипас ёдовар шуд: ин мушкилӣ аст, ки ҳама шарикони НАТО бо он рӯ ба рӯ ҳастанд. Аммо ҳамон тавр, ки Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО таъкид дорад, ҳимоят аз Укроин дар ҳоли ҳозир муҳиммтар аз эҷоди як лашкари муҷаҳҳаз аст.