Рубрики Хабарҳо

Афзоиши 43-дарсадии дороии «Амонтабонк»

Дороии бонки давлатии «Амонатбонк» дар соли 2022 ба андозаи наздик ба 43% афзоиш ёфта, ба 6 млрду 300 млн сомонӣ баробар шудааст.

Фоидаи софи «Амонатбонк» дар соли гузашта наздик ба 102 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта беш аз 53% зиёд мебошад.

Дар ин бора раёсати бонк зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии дороиҳои бонк ба андозаи 45% афзоиш ёфта, ба 6,3 млрд сомонӣ баробар шудаанд.

Дар зимн уҳдадориҳои бонк 5,6 млрд сомонӣ арзёбӣ шудааст, ки аз ҳаҷми дорои ҳудуд 700 млн сомонӣ камтар мебошад.

Зикр гардид, ки бонки мазкур ҳамчунин ба буҷаи давлат давоми 12 моҳи соли гузашта ҳудуди 85 млн сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ворид кардааст.

Таъкид гардид, ки «Амонатбонк» ба наздики 25 ҳазор корхонаҳои ташкилотҳо, зиёда аз 784 ҳазор нафақагир ва беш аз 1,8 млн амонатгузорон хидматрасонӣ кардааст.

Шумораи кормандони ин бонки давлатӣ наздики 3 ҳазор нафар гуфта шуд, ки дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *