Понздаҳ сол муқаддам, дақиқан 5 феврали соли 2008 ҳавопаймои Боинг 737-800 дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе аввалин парвози худ ва ширкати тозазуҳуре дар Тоҷикистон — “Сомон Эйр”-ро анҷом дод. “Сомон Эйр” чун дувумин ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба майдон омад ва рақиби ширкати миллии “Тоҷик Эйр” шуд.
Ҳамагӣ даҳ сол пас ин ширкати тозазуҳур тамоми хатсайрҳои ширкати он вақт аллакай 88-солаи миллии “Тоҷик Эйр”-ро соҳиб шуд ва “мӯйсафед”-ро ба нафақа гусел кард. Ширкати миллӣ, намоди кишвар ва ягона рақиби “Сомон эйр” 5 сол аст, ки аз парвоз мондааст ва мақомот ҳар сол ваъда мекунанд, ки дубора онро ба по хоҳанд монд ва ба зудӣ парвозҳояш шурӯъ мешавад. Аммо коршинсон мегӯянд дигар бисёр маҳол аст, ки “Тоҷик Эйр” ба ҳаво хезад.
Ҳоло “Сомон Эйр” ба 4 сати ҷаҳон ба 25 шаҳр, аз ҷумла Мюнхен, Дубай, Истанбул, Деҳлӣ, Теҳрон, Маскав, Тошканд, Алмаато, Урумчӣ ва ғайра ба гуфтаи масъулинаш “парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад” ва ҳеҷ рақибе дар бозори дохилӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол, ин ширкат аслан тоҷикистонӣ нест, тақрибан ҳеҷ андозе намепардозад ва тамоми пулҳоеро асосан аз шаҳрвандони тоҷик ва бо монополия кардану чанд баробар боло бурдани нархҳо ба даст меорад, ба хориҷ аз кишвар ирсол мекунад. Қисмати бузурге аз асъори хориҷии моридшавнада ба кишвар аз тарафи ин ширкат харидорӣ ва бо офшорҳо фиристода мешаванд.
Ширкате, ки ғасб шуд
“Сомон Эйр” ҳеҷ бастагие ба Тоҷикистон надорад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, албатта. Тибқи маълумоте, ки Паём дар даст дорад, муассиси Сомон Эйр SDH Investment Corp аст, ки дар ноҳияи офшории ҷазираҳои Вирҷин ба қайд гирифта шудааст. SDH шакли кӯтоҳшудаи насаби Саъдуллоев Ҳасан (насаби қаблии Ҳасан Асадуллозода тибқи шиноснома) мебошад. Ҳасан Асадуллозода додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки замони таъсиси “Сомон Эйр” қудратмандтарин нафар баъди раисҷумҳур дар Тоҷикистон буд. Он замон Озодаву Рустам ва дигар фарзандони раисҷумҳур ҷавон ва ҳанӯз ба сиёсат ворид набуда аз манофеъи он дарак надоштанд.
Дар ҳамин ҳол, “Сомон Эйр” то аввалин парвозаш ба Маскав ҳеҷ бастагие ба Ҳасан Асадуллозода надошт. Ва ин ширкат ҳамонгуна, ки мақомот ва масъулинаш таблиғ мекунанд, 15 сола нест. Он соли 2005, се сол қабл аз аввалин парвозаш ба Маскав таъсис шудааст ва танҳо баъди чанд моҳи шурӯъи парвозҳо дар хатсайрҳои мустақим ба дасти Асадуллозода гузаштааст. Аниқтараш аз тарафи ӯ мисли садҳо ширкату корхонаҳои дигар ғасб шудааст.
Молики аслии ширкат собиқ халабон ва раҳбари кулии ширкати давлативу миллии “Тоҷик эйр” дар солҳои 1992-2001 Мирзо Мастонгулов аст. Албатта ӯ танҳо муассиси ин ширкат набуд. Ҳамроҳи ӯ номи Рустам Холиқов, аз афроди бисёр наздик ба Ҳасан Асадуллозода, ки 15-16 сол тамоми соҳаи авиатсияро зери назорат дошт, зикр мешуд.
Дақиқан баъди ду моҳи аввалин парвози байналмиллалии “Сомон Эйр” ҷасади Мирзо Мастонгулов бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар хонаи истиқоматиаш дар Душанбе пайдо шуд. Аммо ҳеҷ таҳқиқоте дар ин маврид сурат нагирифт ва то ҳол қотили ӯ пайдо ва сабаби маргаш эълон нашудааст.
Мақомоти давлат ва “Сомон Эйр” хориҷӣ ва офшорӣ будани ин ширкатро бо шиддат аз мардум пинҳон медоранд, аммо гоҳо маълумоте, асосан дар зориҷ рӯ мезананд. Барои мисол моҳи апрели соли 2018 Вазорати нақлиёти Русия, замоне, ки парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатро манъ мекард, буд ин ширкат ба шаҳрванди Тоҷикистон таъаллуқ надорад ва яке аз баҳонаҳои манъи парвоз ҳам ҳамин буд.
“Молики мажоритарии (асосӣ) ин ширкати ҳавопаймоӣ шаҳрванди кишваре, ки ин ширкатро ба хатсайрҳои байналмиллалӣ таъин кардааст, нест” — тасреҳ карда буд он замон вазоратхонаи Русия.
Ҳамон гуна, ки дар боло зикр кардем, молики “Сомон Эйр” SDH Investment Corp аст, ки дар ноҳияи офшории ҷазираҳои Вирҷин ба қайд гирифта шудааст. Бояд гуфт, тариқи ҳамин офшор инчунин пулҳои Ширкати алюминии ТАлКо “шуста” мешаванд.
Ду тайёраи нав бо пули саҳмияҳои “Роғун”
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бо нохун задан ба эҳсоси ватандӯстии мардум, маъракаи ҷамъоварии маблағ барои сохтмони НБО “Роғун”-ро эълон кард. Дар тамоми кишвар мардум маҷбуран ихтиёрӣ саҳмия мехариданд. Ҳатто дар боғчаи бачагон. Кампин расман аз тарафи давлат замоне қатъ шуд, ки маблағи баробар бо $186 млн. (бо қурби соли 2011) ҷамъоварӣ гардид. Аз он рӯз боре ҳам мақомот ба хариди саҳмияҳои Роғун касеро аз сокинони кишварро даъват накарданд. Суоле ба миён меояд, ки Роғун ба Сомон Эйр чӣ дахл дорад?
Як моҳ пас, ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр” эълон кард ду тайёраи нав харидааст. Нархи ҳар тайёра 93 миллион доллар ва қимати ҳардуяш ба 186 миллион доллар баробар буд. Бо гузашти 7 сол ягон саҳҳоми Роғун, ки саҳмия дар кунҷи сандуқаш хобидааст, ҳисоботе дар бораи ба куҷо масраф шудани маблағи саҳмияаш дастрас накардааст.
Манобеъи Паём мегӯянд, ки Сомон эйр ҳеҷ ӯҳдадории молӣ назд кадом бонк ё сармоягузоре барои ҳавопаймоҳое, соли 2011 харида шудаанд, надорад. Яъне Сомон Эйр барои хариди ду ҳавопаймои наву гаронбаҳо аз ҳеҷ бонке қарз нагирифтааст ва ҳеҷ сармоягузореро ҳам ҷалб накардааст.
Викиликс ҳам , Сомон Эйр барои ин ду тайёра пули нақд пардохт намудааст. “Барои ин ҳавопаймо “Сомон Капитал” пули нақд пардохт кард ва чун омодаи истифодаи ин тайёраҳои гаронқимат ва хидматрасониашон гарон набуд, маҷбур шуд бо Turkish Air созишномае барои хидматрсонии гарони тайёраҳо имзо кунад” — омадааст дар гузориши он.
Моҳичае, ки наҳангро фурӯ бурд
Бо харидани ду тайёраи комилан нав, Сомон Эйр ба ғасби хатсайрҳои дигар ва асосан сердаромади Тоҷик Эйр шурӯъ кард. Кор аз самти Маскав ва Санкт-Петербург шурӯъ шуд. Дертар Тоҷик Эйр аз парвозҳояш ба Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Истамбули Туркия маҳрум гашт. Сомон Эйр натавонист парвоз ба идома диҳад, вале ба Истамбул то ҳол пайваста парвоз мекунад.
21 июли соли 2014 Фирӯз Ҳамроев, он ҳамон раҳбари кулли Тоҷик Эйр, собиқадори авиатсия , ки ҳамон сол Вазорати нақлиёт парвози Тоҷик Эйр ба Истамбулро боздошт ва хатсайрҳои Хуҷанд-Маскавро аз 7 ба 4 парвоз дар ҳафта поён бурд. Ба нафъи ширкати хусусии Сомон Эйр.
“Мо кӯшиш дорем хатсайрҳои нав боз кунем, то бо ҳар роҳе хароҷотамонро пӯшонем. Зеро бо додани хатсайрҳо ба ширкати дигар, мо ҳар семоҳа 20 миллион сомониро аз даст медиҳем, ки солона ба 80 миллион баробар аст ва инро мешавад гуфт “рақобати ноодилона” — гуфта буд раҳбари “Тоҷик Эйр”.
Худи ҳамон рӯз Ҳамроев вазифааш сабукдӯш гардид ва новобаста аз таҷрибаи бузурги кориаш дар соҳа, аз авиатсия ронда шуд. Ҳамроев танҳо ҳамонро гуфт, ки як раҳбари содиқ вақте ширкаташ қурбонии рақобати ноодилона мешавад, мегӯяд. Дар ҳамин ҳол ӯ манфиъати ширкати давлатӣ, яъне мову шумо — шаҳрвандони кишварро ҳимоя мекард.
Вале ӯ ба “хатои сиёсӣ” роҳ дод. Шояд барои лаҳзае фаромӯш кард, ки ӯ ҳамагӣ раҳбари як ширкати давлатӣ аст, вале ширкате, ки ӯ аз болои он шикоят кард, ба раҳбари давлат таъаллуқ дорад. Ӯ ба худ иҷоза дод фикр кунад, ки манофеъи давлат аз манофеъи раҳбари давлат болотар меистанд. Чун дар ҷомеъаҳои солим мӯътақиданд, ки “сарони давлат меоянду мераванд, вале давлат ва мардум побарҷост”.
Ба ӯ ва ба ҳамаи мо фаҳмонданд, ки манофеъи кӣ бояд болотар аз ҳама бошад.
Охирин зарба ба баногӯши ширкати миллӣ
Аз оғози соли 2019 Ширкати таъминоти сӯзишворӣ (ШТС — ТЗК (топливно заправочная компания)) аз додани керосин ба Тоҷик Эйр барои анҷоми парвозҳо даст кашид. Бино бар ин ширкат парвозҳои худро қатъ кард. Ҳавопаймои ягонаи ширкат дар боздошт қарор гирифт, ҳавопаймоҳои дигар ба лизинг гирифта шуда буданд. Тибқи шартномаи лизингӣ, ширкати ҳавопаймоӣ бояд пули иҷораро пардохт кунад. Вале вақте тайёраҳо парвоз намекунанд, марги ширкат фаро расидааст.
Бояд гуфт Ширкати таъминоти сӯзишворӣ ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур таъаллуқ дорад ва монополисти бозор аст. Қаблан чанд ширкат ба таъмини сӯзишворӣ машғул буданд, аммо баъди вориди ин соҳа шудани Асадуллозода, он пурра монополӣ гардид. ШТС чун монополист аст, сӯзишвориро бо нархи хеле гарон мефурӯшад. Қимати он дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя 1,7-1,8 баробар бештар аст. Дар ҳамин ҳол, ҳамон гуна, ки медонем, Асадуллозода молики ширкати ҳавопаймоии хусусии Сомон Эйр аст.
ШТС қаблан ҷузъи Тоҷик Эйр буданд. Онро барои рушди бештари соҳа ва камтар кардани фасод мустақил карданд, вале чуноне ки мебинем, ин азнавсозӣ ба нафъи Оила ва муфлис шудани ширкати миллӣ мусоидат намудааст.
Бояд қайд кард, ШТС дар ноҳияи офшории Бритониё чун Menford Holding LTD ба қайд гирифта шудааст. Раҳбарии онро Илҳом Соҳибов, ҷияни Ҳасана Асадуллозода ба дӯш дорад.
Ғорати мардум ва хиёнат ба мусофирони ҳамешагӣ
Хиёнати моликони Сомон Эйр танҳо ба ғасби бозор ва муфлис кардани ширкати миллӣ тамом намешавад. Қимати билет ба/аз Тоҷикистон ду баробари қимати он аз кишварҳои ҳамсоя аст. Бо вуҷуди ҳузури ширкатҳои кишварҳои дигар, асосан русӣ дар ин бозор ва вуҷуди рақобат қиматҳо поин намераванд.
Сабаби аввал агар гаронии қимати авиакеросин дар Тоҷикистон бошад, сабаби дувум ва асосӣ хиёнати ширкати хонаводагӣ ба миллат ва мусофирони ҳамешагиаш аст. Тибқи маълумоти дақиқ аз манбаъи бисёр мӯътамад, ки Паём чанд сол пеш ба даст оварда буд, вақте ширкатҳои хориҷӣ барои парвоз ба Тоҷикистон дархост мефиристанд, Департаменти авиатсияи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ки албатта зери контроли Оила аст, шарти асосии додани иҷозаи парвозро чунин муайян мекунанд: поин нафаровардани қимати билет аз қиматҳое, ки Сомон Эйр дар ин самт муқаррар кардааст. Танҳо дар сурати пазируфтани ҳамин шарт, ба ширкати хориҷӣ иҷозаи парвоз ба Тоҷикистон дода мешавад.
Яъне “Сомон Эйр”, ширкати мутааллиқ ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон на танҳо бо монополия кардану боло бурдани қиматҳо мусофирони ҳамешагии худ — асосан муҳоҷири кориву бечораи тоҷикро ғорат мекунад, балки ширкатҳои хориҷиро ҳам МАҶБУР мекунад тоҷиконро ғорат кунанд.