Рубрики Хабарҳо

Аврупо гурезаи тоҷикро истирдод хоҳад кард?

Ба Ҳабибулло, бародари Муҳаммадӣ Тешаев, ки алъон бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Лаҳистон боздошт шудааст, хатари истирдод таҳдид мекунад. Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсару 5 кӯдакаш дар боздоштгоҳи истирдодии Бяла Подляскаи Лаҳистон нигаҳдорӣ мешавад.

Мақомоти Лаҳистон ба ин назаранд, ки ба ӯ хатаре дар Тоҷикистон таҳдид намекунад. Дар ҳоле, ки ӯ баъди шиканҷаву латукӯб шудан аз тарафи мақомоти интизомӣ Тоҷикистонро тарк кардааст. Ӯро мехостанд бо тӯҳматҳои боята зиндон кунанд.  

Ҳабибулло Тешаев, ки бародараш Муҳаммадиро ба терроризм муттаҳам кардаанд, баъди ба хонаи онҳо чанд дона тир, таппонча ва мусалсали кӯҳнаи Калашников партофтани кормандони додситонии ноҳияи Рӯдакӣ боздошт ва шиканҷа шуда буд. Он вақт бародараш Маҳмадӣ Тешаев аллакай чун гуреза дар Аврупо қарор дошт.

Кормандони додситонӣ ба хонаи онҳо омада аз ӯ талаб карданд, ки назди дурбин алайҳи бародараш баромад карда, эълон кунад, ки ин тапончаву мусалсал ва тирҳо аз Муҳаммадӣ ҳастанд ва ӯ мехост бо амри раиси ҲНИТ табаддулоти давлатӣ анҷом диҳад. Ҳабибулло қабул накард ва ӯро ба назди додситони ноҳия Ҷамшед Раҳмонов бурданд.

Ӯро бо чӯбдаст (дубинка), баклажкаи пур, бо даст мезаданд ва дар ҳамин ҳол нону об ҳам намедоданд. Дар ҳар се рӯз ҷавобаш медоданд, то бо бародараш гап занаду ба онҳо маълумот расонад, вале ӯ мегуфт, ки бо бародараш гап зада наметавонд.

Баъди латукӯб ба ӯ тавассути дасти чапаш нерӯи барқ монданд. “Давоми се рӯз баъди пайвастан ба нерӯи барқ, дасти чапамро тақрибан ҳис намекардам. Бори дигар маро ҷавоб доданд, то бо бародарам алоқа барқарор кунам. Рӯзҳои ид буданд ва бовар доштам, ки дар ин рӯзҳо маро ҷустуҷӯ нахоҳанд кард ва бо истифода аз фурсат аз кишвар фирор кардам. Ба Маскав омада, аз онҷо худро ба Аврупо расондам ва бо ҳамин азобу шиканҷаам хотима ёфт “- гуфта буд Ҳабибулло ба Паём.

Ҳоло боздошти Ҳабибулло дар Лаҳистон мақомоти Тоҷикистонро густохтар кардааст. Онҳо бародари калонии ӯ Шералӣ Тешаеви 51 соларо зери фишори шадид қарор додаанд, то писараш Меҳроб ва бародараш Муҳаммадиро даъват кунад ба Тоҷикистон баргарданд.

“Агар ба ихтиёри худ барнагаштанд, мисли Ҳабибулло боздошт ва истирдод мешаванд. Он гоҳ парвандаашон взнинтар хоҳад шуд” — таҳдид мекунанд онҳо.

Ҳабибулло номи додситон ва чанд пулисе, ки ӯро шиканҷа кардаанд, ифшо кардааст. Ҳамчунин ӯ дар конфронси САҲА дар Варшава як корманди КДАМ-и Тоҷикистонро, ки ба хонаи онҳо силоҳ гузошта буд, шинохт. Ин боис шуд, ки он корманди КДАМ аз Варшава фирор кунад. Ҳоло агар ӯ истирдод шавад, метавонад ҳади ақал мавриди қасосгирии ин афрод шавад.

Рӯзи 4-уми октябр 7 Созмони ҳуқуқи башар ва муҳочирин — Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна (Литва), “Хонаи боз” (Лаҳистон), Институти гуфтугӯи Авруосиё (Литва),  Анҷумани гурезагони Тшетсин (Лаҳистон), Маркази тоҷикии ҳуқуқи инсон (Утриш). Human Rights Vision Foundation (Ҳолланд) ва Global Advocates Foundation бо судури баёнияи муштарак аз мақомоти Лаҳистон хоста буданд аз истирдоди Ҳабибулло худдорӣ кунанд.

Агар Ҳабибулло ба Тоҷикистон фиристода шавад, аввалин тоҷики гурезае хоҳад буд, ки аз Иттиҳоди Аврупо истирдод шудааст

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *