Рубрики Хабарҳо

Ли Куан Ю –поягузори “мӯъҷизаи иқтисодӣ”

Муаллифи китоби “Аз ҷаҳони саввум ба якум”,  Ли Куан Ю мебошад, ки номаш дар тамоми дунё машҳур аст, сиёсатмадори Сингапур, аввалин сарвазири кишвари  Сингапур, аз ҷумлаи он шахсоне буд, ки кӯшишҳои хирадмандонаву дуруст роҳандозишудаи сиёсиаш аз як кишвари ҷаҳони сеюм Сингапурро ба шукуфоӣ ва яке аз сарватмандтарин кишварҳо табдил дод. “Мӯъҷизаи иқтисодии Сингапур” – ном мебаранд раванди тараққиёти босуръати ин кишвари на он қадар бузургро, ки сари ин ҳама табаддулоти азим худи Ли Куан Ю меистод.  

Таҳлилҳои сершумор дар матбуоти даврон  тасдиқ мекунанд, ки таърихи Сингапур дар  солҳои 1965-2000 роҳбаладе барои раҳоӣ бахшидан аз бӯҳрон дар минбар дошт.  Ли Куан Ю 16 сентябри 1923 дар Сингапур дар оилаи аҷдоди хитоӣ таваллуд шудааст. Дар аввал ӯ дар Сингапур таҳсил кардааст: дар Мактаби Телок Курау ва Коллеҷи Раффлес, ки ҳоло Донишгоҳи миллии Сингапур номида мешавад, таҳсилашро идома додааст. 

Баъдан солҳои 1945 то 1949 дар Кембриҷи Инглистон барои ноил шудан бар маълумоти сатҳи олӣ донишҷӯ буд ва  бозгаштан пас бар ватан Куан Ю муддати тӯлонӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва ба ҳайси вакили дифоъ дар ширкати  Laycock and Ong кор кард, илова бар он, фаъолиятҳои фаъоли ҷамъиятӣ ва сиёсиро дар ҳаракати иттифоқҳои касаба анҷом додааст. 

Дар соли 1954, аз тарафи Ҳизби Амали Халқӣ Ли Куан Юро Котиби Генералии ин ҳизб интихоб карданд ва пас аз панҷ сол ин ҳизб бар сари  қудрат омад. Куан Ю дар муддати тӯлонӣ – чилу як сол ҳамчун сарвазир бар кишвар хидмат карда тавонист, ки дар ин замон вазъи иқтисодиву иҷтимоии  Сингапурро ба таври куллӣ тағйир диҳад. 

Ли Куан Ю замоне қисмате аз Бритониё будани кишварашро  баракате меҳисобид ва дар ҳама самт кӯшиш мекард, ки манбаъҳои маъмулро таъкид кунад. Ӯ  на танҳо забони англисӣ ва низоми ҳуқуқии Бритониёро дар Сингапур ҳифз кард, балки ба тамоюлоти сотсиалистӣ ошкоро муқобилият кард. Соли 1990 Ли Куан Ю вазифаи вазири бузургро  дар ҳукумати Гуо Чок Тонг қабул кард, ки ӯ то соли 2004 дар он вазифа масъул монд. 

Андаке аз ҳолати яке аз кишварҳои олами савум, яъне Сингапури собиқ: Дар олами аввал, яъне зинаи аввал, давлатҳои пешрафтаи тараққиёташон назаррас қарор дорад. Дар зинаи дувум кишварҳои ҳолаташон хубу миёна ва дар зинаи савум кишварҳои қашшоқанд. Сингапур як қишлоқи моҳидорону ғуломонро мемонд, ки аҳолӣ аз норасоии обу  ғизову пӯшоку аз ҳама асосиаш маорифи дуруст азият мекашид. Баландтарин нишонаи бекорӣ низ дар ин давлати қашшоқ ба назар мерасид. Фақр, беморӣ, фасод ва ҷурму ҷиноят ҳамаро фаро гирифта буд. Мансабҳои давлатӣ ба касоне, ки пули бештаре пешниҳод мекарданд, фурухта мешуд. Пулис духтаронро мерабуду ба фоҳишагӣ водор мекард ва пули дуздону фоҳишаҳо байни онҳо ва пулис тақсим мешуд. Фармондеҳони артиш замин ва биринҷзорҳоро монополя карда буданд.  Судяҳо ҳукмашонро ё бо дастури вазирон содир мекарданд ё бо пул мефурӯхтанд. Ҳама мегуфтанд ислоҳот номумкин аст. 

Роҳбариро дар вазнинтарин солҳо  Ли Куан Ю бар дӯш дошт. Қадами аввал бар сӯйи пешрафт решакан кардани фасод (коррупсия) ва аз байн бурдани мафияҳо буд, ки дар ҳама давру замон халалдоркунандагони асосии пешрафти ҳамаи давлатҳоянд.  Кишваре, ки оби нӯшокӣ надорад, саноати кишоварзӣ ҳам қариб, ки надорад, дороиҳое ҳам пайдо кардааст, ки қадам ба пеш гузорад. Ли Куан Ю дарҳои шаҳрдавлати Сингапурро ба рӯйи капиталистони сарватманд тавре боз кард, ки нафаре вуруду ҳамкориро  раъд карда наметавонист, зеро пасттарин андоз ба давлат фоидаи хубе бар киссаи соҳибкори хориҷӣ меорад, аммо давлатро чӣ суде? Давлат ва аҳолии он бо коргоҳу ҷойи кор таъмин мешаванд, обод мешаванд. 

Кори хуби дигаре, ки ин роҳбар пеш гирифт, ба хешутаборпарастӣ ва мансабҳои авлодӣ нуқта гузошт. Дар давоми як ҳафта тамоми ходимони  ҳокимияти судии Сингапурро (суду прокурору ёрдачиҳову миёнаравҳояшонро) ҳабс кард. Ба ҷойи онҳо адвокатҳои саводноку ҳалолкорро вазифаи судӣ дод. Шӯъбаҳои корҳои дохилиро пурра афшонд, яъне аз нафарони тасодуфӣ пок кард. Ба маҳбас ҳатто наздиктарин дӯстон ва хешу табори худи Ли Куан Ю ҳам фаромаданд, он нафароне, ки роҳи пешгирифтаи ин пешворо дуруст намеҳисобиданд.   Албатта барои ин ҳама амалиёти мураккаби ба ҷонаш хавфоранда артиши бузурги Бритониё,ки ҳанӯз сарҳади Сингапурро тариқи шартнома ҳимоя доштанд, ёрӣ расониданд. 

То ҳол дар ин кишвар ҳар нашъаҷаллобу ришваситону роҳзане ҳукми қатл мегирад.

Асосгузори рушд ва тараққиёти Сингапур ва поягузори “мӯъҷизаи иқтисодии Сингапур  Ли Куан Ю дар бораи зинаҳои аввали пешрафти Сингапур ва роҳи пешгирифтааш чунин менависад, ки  ман ба муаллимон рӯ овардам. Онон дар фақру нодориву бадбахтӣ буданд. Ба онҳо баландтарин маошҳоро додам ва гуфтам: ман муассисоти давлатиро месозам ва шумо барои ман инсон бисозед! Ингуна буд, ки Сингапур ба кишваре мутамаддин ва қудратманд табдил шуд . 

Ҷойе дигар чунин навиштааст:  “Ман дар Сингапур мӯъчизае ба вучуд наовардаам. Ман танҳо вазифаи худро дар баробари ватанам, ҳамчун як фарзанди ин сарзамин, ичро намудам-тамоми имконоти давлатро ба соҳаи таълиму донишомузӣ сафарбар сохтаму ҷойгохи дар ҷомеа, аз хадди як кишри бекадру ба баландтарин ҷойгох расонидам. Он чи пешрафтеро, ки имрӯз мушохида мекунед, ба шарофати ана хамин муаллимон ба мо даст дода аст. Ана хамин аст, сирри “мӯъчиза”-и Сингапур.

Ин муаллимон буданд, наслеро ба воя расониданд, ки донишу ахлокро пазируфтаанд, вагарна, мо каблан миллате будем, ки дар кӯча хамдигарро дашном дода мегаштем. 

Иқтибос аз фикрҳои бикру навиштаҳои ҷоннокаш дар минбарҳои ҳукумат:

“Одамоне, ки рӯҳияи пурҷасорату мубориз надоранд, беҳтараш дар хона нишинанду ҷӯроб бофанд. Минбари сиёсат барои заъифоне нест, ки саъю эътимоди муҳкам надоранд.” 

“Агар марди дорои маълумоти олӣ намехоҳад бо зани маълумоти олидор  издивоҷ кунад, пас ман ба ӯ гуфта метавонам, ки вай аҳмақ ва аблаҳ аст. Агар шумо бо зани маълумоти олидор  издивоҷ накунед, пас душвориҳое ба чашм бармехӯранд, баъзе фарзандон оқил хоҳанд буд, дигарон тамоман не. Он гоҳ даст бар пешона хоҳӣ зад ».

“Ба ман як ҷомеаи берӯҳу  ғайрифаъол лозим нест, ки барои ба ҳар як сухани ман розӣ шудан омода бошад. Чунин ҷамъият беҷону бефоида аст. Ман умедворам, ки шумо фикр карданро оғоз мекунед ва на бо  шиорҳои кӯҳна фарёд мезанед. Фикр карданро оғоз кунед.”

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *