Categories Хабарҳо

HRW талаб кард писари Зубайдуллоҳи Розиқ билофосила озод карда шавад

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз Тоҷикистон қотеона талаб кард ки “Асрориддин Розиқов, писари зиндонии сиёсӣ Зубайдуллоҳи Розиқ билофосила аз боздошт озод шавад” ва дар заминаи боздошти “худсарона таҳқиқот анҷом шуда, шахсони дар боздошти Асрориддин Розиқов дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”. Human Rights Watch ин изҳороти худро ҳаминрӯз 10 июл дар вебсайти худ нашр намуда, зимни изҳорот навишт, ки боздошти Розиқов аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон “худсарона” буда, “мақомот ҳеҷ далеле барои боздошти ӯ пеш нагузоштанд” ва ҳам “хешовандонаш аз вазъи сиҳҳативу ҳоли ӯ бехабаранд”.

Ёдовар мешавем, ки Асрориддин Розиқови 38-сола писари  Зубайдуллоҳи Розиқ, узви собиқи раёсати ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст, рӯзи 26-уми июн дар роҳ ба сӯи бозори “Корвон”-и шаҳри душанбе аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон . Наздиконаш мегӯянд, Асрориддин Розиқов то замони боздошти мармузаш дар бозори «Корвон» ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул буд.

Бо гузашти ду ҳафта аз боздошти Розиқов то ҳол ин ниҳод дар бораи ин ҳодиса ҳеҷ шарҳе надодааст. Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин, ки дар Аврупо паноҳанда аст, баъди боздошти бародараш ба радиои Пём гуфта буд, ки маълум нест, ки ӯ дар чӣ гумонбар мешавад. Ҳисомиддин тахмин зада буд, ки бародарашро ба хотири он боздошт кардаанд, ки мисли дигарон дар баробари дурбин нисбати роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бадгӯӣ кунад.

Ҳю Виллиамсон, мудири барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии Human Rights Watch мегӯяд, “боздошти худсаронаи Асрориддин Розиқов бахше аз талошҳои афзояндаи мақомоти тоҷик барои эҷоди тарс дар миёни мунаққидони ҳукумат ва дигарандешони муътадил” мебошад.

Ба гуфти коршиноси  Дидбони ҳуқуқи башар аз миёнаҳои соли 2015 мақомоти тоҷик беш аз 150 нафарро бар асоси ангезаҳои сиёсӣ боздошт кардаанд ва дар миёни онҳо ҳуқуқшиносон, мунаққидон ва аъзои созмонҳои сиёсӣ мебошанд. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *