Рубрики Хабарҳо

2000 муҳоҷири дигари дар марзи Қазоқистон дармонда иҷозаи убур пайдо карданд

Мақомоти Ӯзбекистон дирӯз, 9 июл ба ду ҳазор муҳоҷири дар марзи Қазоқистон дармонда иҷозаи убур доданд. Мақомоти Қазоқистон ба расонаҳо гуфтаанд, дар марзи ин кишвар бо Узбекистон ҳудуди 3 ҳазор муҳоҷир, Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ шуда буданд. 

Узбекистон, ки аз охири моҳи март марзҳояшро баста аст, ба далели надоштани ҷой барои ба карантин гирифтани афроди аз хориҷ баргашта, ба муҳоҷирон иҷозаи убури марзро намедиҳад.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, шоми 8 июл дар марзи ин кишвар бо Узбекистон наздики 3 ҳазору 400 муҳоҷир ҷамъ шуда буд. Шаби 9 июл наздики 2 ҳазор муҳоҷир аз марз гузашта, вориди Узбекистон шуданд. Ба ҷуз ин, 500 муҳоҷири дигар иҷозаи убур дарёфт кардаанд. Сафорати Узбекистон дар Қазоқистон ваъда кардааст, ки ба ҳамаи дармондагон иҷозаи убур хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар додааст, ки наздики 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон боқӣ мондааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *